Рӯзи 10-уми апрели соли равон Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, президинти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакенти ВилоятиСуғд сафар хоҳад кард. Дар Панҷакенти бостонӣ омодагӣ ба истиқболи сарвари давлат кайҳо оғоз ёфтааст ва аҳли ҳунар ба ин муносибат як барномаи рангини фарҳангӣ омода карда истодаанд, аммо ҳамагӣ 5 рӯз пеш аз сафари президент номи яке аз ҳунармандони машҳури ин минтақа-Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ, ки худ зодаи Панҷакент мебошад, аз рӯйхати иштирокчиёни барнома хат зада шуд.
Кӣ намехоҳад, ки Афзалшоҳи Шодӣ ба зодгоҳаш сафар намуда дар назди президенти мамлакат баромад ва ҳунарнамоӣ кунад?
Сомонаи Пресса. ТЧ бо хоҳиши мухлисони сершумори Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора бо шиддат изҳори норозигӣ намудаанд, сари ин мавзӯъ матлаберо нашр кардааст Тавре ки манбаъ мегӯяд, дар ҳақиқат номи Афзалшоҳи Шодӣ аз рӯйхати ҳунармандоне, ки зимни сафари сарвари давлат ба Панҷакент дар назди президент ҳунарнамоӣ мекунанд, хат зада шудааст.
“Зоҳиран, номи Афзалшоҳи Шодиро масъулини Вилояти Суғд аз рӯйхат хат задаанд, вале сабабашро шарҳ надодаанд ”-менависад Пресса. ТЧ.
Афзалшоҳи Шодӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ӯ барои ин консерт омода шуда буд, аммо баъдан номашро хат заданд:
“Ба ман супориш шуда буд, ки ягон суруду оҳанги нав омода намоям. Ман тайёр кардам. Дар аввал гуфтанд, ки суруд олиҷаноб аст, гузашт. Ҳатто шоир Озарахш дар ҳамон ҷо буд ва ба ӯ ҳам писанд омад. Вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки дигар баромади маро гирифтаанд!”
Дар бораи он ки бо супориши кӣ номи ӯро аз рӯйхати ҳунармандоне, ки дар назди президенти мамлакат ҳунарнамоӣ мекунанд, хат задаанд, Афзалшоҳи Шодӣ чизе нагуфта, таъкид кардааст, ки бо ягон кас душманию кина надорад:
“Ман бо касе ягон мушкил надорам. Солҳост, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат карда истодаам. Ҳамеша ба халқу Ватан хидмат мекунам»- мегӯяд ҳунарманади машҳур.
Ориф Набиев, саркоргардони чорабинӣ дар рӯйхат набудани ҳунарнамоии Афзалшоҳи Шодиро тасдиқ карда гуфтаст, ки мақсади онҳо такя ба ҷавонон мебошад.
Моҷарои хат зада шудани номи Афзалшоҳи Шодӣ аз рӯйхати ҳунармандоне, ки зимни сафари президенти мамлакат ба шаҳри Панҷакент дар назди сарвари давлат баромад ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард, то зинаҳои боло низ расидааст.
Обид Назаров, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, норозигии мухлисони Афзалшоҳи Шодӣ ба гӯши вазири фарҳанг низ расидааст ва Зулфия Давлатзода гуфтааст, ки ин масъаларо бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар миён хоҳад гузошт.
Вақеан, аз ин барнома хат зада шудани номи Афзалшоҳи Шодӣ, ки яке аз устодони санъати тоҷик ва бар замми ин, зодаи Панҷакенти бостонӣ мебошад, ба ақли солим рост намеояд ва мо умедворем, ки масъулин ин масъаларо бори дигар дида мебароянду Ҳоҷӣ Афзалшоҳ бо садои махмалин ва таронаҳои пурмаънояш хотири сарвари давлат ва дигар иштирокчиёни барномаро зимни сафари президенти мамлакат ба шаҳри Панҷакенти бостонӣ шод месозад.