Салом «Оила»-и дардошно!
Дарде чанд вақт боз дили маро мефишорад. Ин дард зиндагиро дар назарам тираю тор гардонидааст. Мехоҳам замин кафад, то мани берӯзӣ ба қаъраш фурӯ рафта, дигар ин дунёи пур аз макру фиреб ва ин одамони хиёнаткору дурӯяро набинам. Мепурсед, ки дарди ман чист? Дарди ман зан аст. Як зани маккори дар ҳила гум.
Ситораҳо ҳам мегирянд…
Хонандагони азизи «Оила» маро маъзур медоранд, ки аз гуфтани номи аслиам худдорӣ менамоям. Кӣ буданамро ба он хотир фош кардан намехоҳам, ки ман одами одӣ не, як марди шинохта, ба қавле ситора ҳастам. Миллионҳо одамон маро мешиносанд, садҳо, шояд ҳазорон духтарони зебо дар орзуи дидорам ҳастанд, вале як беваи шӯгадо маро шармандаю шармсори дӯсту душман гардонидааст…
Гови гӯсоладор
Шаш сол пеш мани муҷаррад ба зане ошиқ шудам, ки аз худам 6 сол калон буда, аз бахти аввалаш 2 фарзанд дошт. Падару модар, хешу табор, ёру дӯстон, хулоса ҳеҷ кас ба издивоҷи мо розӣ набуд, вале мани аз ишқи ин бевазан ақлу ҳушамро аз даст дода ҳамаро пушти по зада, ин гови гӯсоладорро ба занӣ гирифтам. Зиндагиамон дар оғоз саршори меҳру муҳаббат буд, вале бо гузашти вақт хислату рафтори завҷаам дигар шудан гирифт. Азбаски сахт дӯсташ медоштам, занамро ҳурмату эҳтиром мекардам ва намемондам, ки пояшро ба замин сахттар монад. Худ ба худ мегуфтам, ки бечора як бор хонавайрон шуда, дилшикаста гаштааст, биё дилашро наранҷонам. Гумон доштам, ки Сабоҳат ба қадри ишқи пок ва ҳурмату эҳтироми ман расида, маро тоҷи сар мекунад, аммо хаёлам хом баромад.
Найрангҳои Сабоҳат
Занам нисбати ман беҳурматӣ мекард, хешу таборамро ба хона роҳ намедод, ёру дӯстонам аз дар дароянд, қошу қавоқ меандохт, вале ба хотири меҳру муҳаббате, ки нисбаташ доштам, ин ҳама қилиқҳои хунуки занамро нодида мегирифтам. Ҳамин тавр дар бадали 3 сол мо соҳиби 2 писараки зебо гаштем. Фарзандонам барои ман аз ҷонам ҳам азизтар буданд, ҳамеша кӯшиши мекардам, ки онҳо гули чизро хӯрда гули чизро пӯшанд. Занам шоҳбону барин зиндагӣ кунад ҳам, ба қадри хонаву дари обод намерасид. Дар хона нишаста асабӣ мешавад гӯён, барояш кошонаи ҳусн кушода додам, то занам аз танҳоӣ зиқ нашавад. Акнун Сабоҳат субҳ пеш аз ман аз хона мебаромаду шом бармегашт ва хастагиро баҳона карда, ҳатто барои кӯдаконамон хӯрок намепухт. Ҳушу хаёлаш фақат бо телефон банд буд, соатҳо бо ким-киҳо чақ-чақ карда мешишт, ҳатто ба гиряи кӯдакон аҳамият намедод. Чанд бор эрод гирифта гуфтам, ки бо одамони бегона дурудароз суҳбат кардани зани шавҳару фарзанддор хуб нест, вале гапҳои ман аз як гӯши занам медаромаданду аз гӯши дигараш баромада мерафтанд. Намедонистам лаҷоми ӯро чӣ хел кашам, чунки Сабоҳат ҳамеша маро дар назди падару модар ва хешу табораш сиёҳ карда, аз худ мӯсичаи бегуноҳ метарошид ва онҳо ба гапҳои ман бовар намекарданд. Духтаратонро насиҳат кунед гӯям, модараш ба ҷойи Сабоҳатро сарзаниш намудан: «Духтари ман маъқул набошад, рав ягон ҳамқишлоқии бӯгинатро ба занӣ бигир, аздусар падару модарат туро зани духтар медиҳанд» гӯён, қиёматро қоим мекард, ҳол он ки дар сари ман аслан фикри зани духтар гирифтан ё оилаи дигар бунёд намудан набуд.
Зиндаҷудо
Падару модарам барои «гови гӯсоладор» гирифтанам аз ман сахт ранҷида буданд ва қариб, ки бо ман гап намезаданд. Намедонистам дарди диламро ба кӣ гуфта маслиҳат бипурсам. Ба ҷӯраҳоям гӯям, латта гӯён ба ҳолам механдиданд, ба ҳамкорону ҳамкасбонам рози дил кунам, обрӯям мерехт, ночор ба ҳама найрангҳои занам тоқат карда мегаштам, ба умеде, ки ягон рӯз ақлаш ба сараш мезанад…
Бадкарда бадгумон аст
Азбаски ман шахсияти шинохта ҳастам, шумораи касоне, ки ба телефони мобилиам занг мезананд, зиёд аст. Занам мисли муфаттиш ҳар як одами зангзадаро саволборон карда кӣ будан ва барои чӣ телефон карданашро фаҳмида мегирифту пасон гӯшакро ба ман медод. Мабодо садои занона аз телефон баланд шавад, дунёро дар сарам гардон мекард, ки ин бева кист ва барои чӣ ба ту телефон мекунад. Марди машҳур бошам ҳам, ман ба ягон зани бегона бо чашми бад нигоҳ намекардаму намекунам, чунки аз кӯдаки китоби муқаддаси қуръонро хондаам ва хуб медонам, ки зино бадтарин гуноҳ аст, аммо ҳамсарам ҳамеша маро дар бевабозӣ муттаҳам карда занбоз меномид. Масали машҳуре ҳаст: «Бадкарда бадгумон». Ба маънии ин масал ман маҳз бо «шарофати» зани бадрашку бадгумонам сарфаҳм рафтам.
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД!