Arzon march 2024
Кӣ ба куҷо рафт? Ном ба ном
29.01.2024
Мирсаид
629

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо чанд амру фармон ва қарорҳои худ дар Ҳукумати кишвар чанд тағйирот ворид карданд.

Ҳамин тавр, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода аз вазифаи муовини Сарвазир, Давлатзода Зулфия аз мақоми вазири фарҳанг, Саъдӣ Қодирзода аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ аз вазифаи раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, Асозода Нуралӣ Маҳмадулло аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Файзиддинзода Бунафша аз вазифаи раиси шаҳри Левакант, озод шуданд.

Ҳамзамон, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонКаримзода Ҷамшед Абдураҳмон аз вазифаи муовини якуми вазири молия Сайфзода Шаҳло аз вазифаи муовини раиси «Амонатбонк», Шарифзода Мумин аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Мирзозода Нусратулло аз вазифаи муовини раиси Кумитаи давалатии амнияти миллӣ, Сафарзода Рукмина ва Гулмуродзода Карим аз вазифаи муовинони вазири молия, Қосимӣ Заробиддин аз вазифаи Сафири Тоҷикистон дар Миср, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлатзода Сайфиддин Хайриддин аз мақоми ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар озод шуданд.

Тибқи фармонҳои дигар Мансурӣ Дилрабо муовини Сарвазир, Сатториён Матлубахон вазири фарҳанг, Раҳимзода Султон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Файзиддинзода Бунафша раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Сайфиддин Давлатзода раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ, Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ таъин шуданд.

Ҳамзамон, Абдуфаттоҳ Шарифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, Заробиддин Қосимӣ роҳбари Хадамоти матбуотии Сарвари давлат таъин шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД