Arzon march 2024
Кӣ ба камбағалон либосҳои бепул медиҳад?
793

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд “Нуқтаи хайру эҳсон” амал мекунад, ки фаъолияти он ғайриоддист ва метавон дар кишвар ягон гуфт.  

Дар ин нуқта  шахсони саховатманду доро сару либос ва дигар ашёи рӯзгори истифодашуда ройгон месупоранд то шахсони камбизоат омада баранд.

Марказ моҳи апрели соли 2016 кушода шуд ва то ин дам наздики 12000 нафар хайрхоҳ ба он ҷо сару либос, пояфзол ва дигар ашёи рӯзгорро супурдаанд.

То имрӯз беш аз 30372 нафар ниёзманду камбизоат маъюбу нафақахӯрони танҳо, одамони имконияти меҳнатӣ надошта ва бекор чизҳои ниёзи худу фарзандонашонро омада ба таври ройгон дастрас намоянд.

Чӣ хел идеяи ташкили марказ ба сари Ҳасанов омад?

Роҳбари марказ Нӯъмон Ҳасанов гуфт: Аввалҳо раиси маҳаллаи Ваҳдат, ки микроноҳияҳои 26,27,28 ва 29-уми шаҳрро дар бар мегирад шуда кор мекардам. Мушоҳида кардам, ки дар ҷомеа оилаҳои бой, миёнаҳол, камбизот ва ночор ҳастанд. Медидам, ки камбизоат аз вазъи танги зиндагияш нороҳат мешуду бойю саховатманд барои ба камбағал чизу чора ба худ эб намедид. Шояд аз дил мегузаронид, ки агар дари камбизоатеро кубам ва гуям уки ин либосҳои моро гиреду истифода кунед шояд ӯ ба ҷои хурсанд шудан хафа шавад. Аз ин сабаб зиёд андеша кардам ва шурӯъ аз оилаи худам даст ба эҳсонкорӣ задем. Як рӯз омада ба оилаам гуфтам, ки тамоми сару либос ва ашёи рӯзгоре ки истифода намекунем як бори шуста дар халтаҳо андозед. Онҳо гуфтаи маро иҷро карданд ва ба якдукончаи хурдакаке ки дар микроноҳияи 28-уми шаҳр ҷойгир буд бурда мондам ва аз ҳамон замон корро оғоз кардем. Оҳиста-оҳиста фаъолиятамон ҷоннок шуд ва валантиёронро ба кор ҷалб кардем. Албатта касе кумаки молӣ накардааст, ҳаммаш аз ҳисоби худамон. Хулоса то дами ба бинои Масҷиди Нури Ислом омадан дар масъалаи ҷой мушкилиҳо буд.

Дукончае ки дар микроноҳияи 28-уми шаҳри доштем бо ду сабаб -аз нақлиёт дур будани нуқта ва дӯконашро талаб карда гирифтани соҳиби дӯкон ба ҷои дигар кӯч бастем. Бори дуюм як бинои хурдакаки теннисро гирифтем. Он ҷоро ҳам соҳибаш баъди чанде дубора гирифт. Хулас баъди беҷой мондан ба назди собиқ Имомхатиби масҷиди “Нури Ислом” –и шаҳри Хуҷанд ҳочӣ домулло-Ибодулло Калонзода омадам, ки дар ҳамин кори хайр шумо ҳам саҳм гузоред. Калонзода пешниҳоди маро ба хушӣ қабул карда аз бинои пештараи масҷид ҷой додан.

Дар ин нуқта либосу пойафзолҳои мардонаву занона ва бачагона, асбобу анҷоми рӯзгор, китоб ва дигар лавозимоти хониш, радиову телевизер, гавҳора ва коляскаро қабул менамоем. Як нафар ҳуқуқи як бор ба миқдори то се чиз гирифтанро дорад ва давоми ҳафта ҳамагӣ як маротиба.

Дилрабо Олимова, сокини ноҳияи Б. Ғафуров: Вақте шунидем, ки дар шаҳри Хуҷанд нуқтаи хайру эҳсон кушода шуда ба мо барин камбизоатон либосвории ройгон медодааст бовар накардем. Омадам ва дидам, ки на танҳо либосҳои истифодашуда. Балки наву нозада ҳам ҳаст. Барои худам курта, барои ду кудакам либосҳои бачагона гирифтам. Худо сафи саховатмандонро зиёда гардонад. Зеро мегӯянд- “Оҳу дуои мазлуму бечора мегиред”. Мо мазлуму бечорагон, ки имрӯз аз либосвориҳои ин ҷо баҳравар гардидем ба ташаббускорону дастандаркоронаш миннатдорӣ баён намуда, аз сидқ дуои ҷони онҳоро мекунем.

Алиҷон Раҳматов, пирамарди 58-сола:-Дар замони мо серию фаровонӣ буд, кам андар кас касон шароити зиндагияшон паст буд. Тамоми одамон аз ҷиҳати иқтисодӣ зиндагии қариб баробар доштанд. Аммо имрӯз замона тамоман ранги дигар гирифтааст. Яке дар дараш то 5-6 то мошин, дигарро нони хӯрданӣ нест. Аз ин ҳам бадтараш ҳамин ки аз байн меҳру муҳаббат рафта истодааст. Акнун ҳамин хел корҳои хайр зиёд шудан гирад файзу баракат ҳам зиёд мешавад. Давлату ҳукумат ҳам ба ҳама одамону оилаҳои ниёзманд ёрӣ карда наметавонад-ку! Ҳол он ки ҷомеаи мо ниёзмандоне дорад, ки сару либос як тараф истад, нони хӯрдан надоранд. Бинобар ҳамон одамони доро дасти камбағалонро гиранд, чунин нуқтаҳои хайриявиро ташкил кунанд, ҳам дар оила осудагӣ мешавад ва ҳам дар давлат.

Муҳаббат Амонзода, валантиёр- Вобаста ба имконият мо кӯшиш карда истодаем то ин нуқтаро ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ва ҳам аз ҷиҳати самти кори васеътару фаъолтар гардонем. Барои амалӣ гардидани њадафхои худ дар ростои расонидани кўмак ба афроди ниёзманди љомеъа ва мусоидат ба нафарони камбизоат мо ҳамчун ташкилоти хурди хайриявӣ корбарӣ мекунем. Мо дар баробари дигар ташкилотњои  иҷтимоӣ ва ҷамъиятҳои хайриявӣ тамоми ғайрату кӯшиши худро ба роҳ монда истодаем то барои қишри камбағалу камбизоати вилоят, ки ҳатто барои харидории як пойпӯшӣ ва ё либосворӣ имконияти иқсодияшон маҳдуд аст, мусоидат кунем.

 

 

 

 

АЗ ҲИКМАТИ ГУЗАШТА ТО ПАЁМИ ИМРӮЗА

Мутафаккирони гузаштаи мо фармудаанд: Агар мехоҳед, ки аз накӯкорӣ лаззат баред, ба дармондае некӣ кунед, ки аз ӯ ҳеҷ умеде набошад. Некиву меҳрубониву кушодарӯӣ зиндагиро зебо мекунад. Мебинем, ки ин ҳикматро мисли Ҳасанов шахсони дилсӯз ва сахо сармашқи кори худ қарор дода, дасти фитодаеро мегиранд.

Имрӯз ташкулкунанди ин кор, Нӯъмон Ҳасановро бештар ниёзмандии маъбон нигарон кардааст. Ин мард, ки хул аслан инжинер аст, маҳорати итироъкорӣ ҳам доштааства ният дорад моҳе як-ду аробачаи маъюбӣ сохта, дар ҳамон дӯкони “Нуқтаи хайру эҳсон” барорад ва ба маъюбон муҳлатнок тақдим кунад.

 

ДАР ЗАМОНЕ, КИ “САЛОМ БЕАЛЕЙК” МЕМОНАД...

Мутафаккир Умари Хаём  мегӯяд: “Рафтанду равему боз оянду раванд”. Аммо набояд омаду рафтҳо ҳавоӣ бошад. Ҳар фард дар зиндагӣ дар назди ҷамео худро масъул ва саҳмгузор бояд шуморад. Аз мо албатта дар ин дунёи дурӯза сухани нек ва амалӣ хайр боқӣ мемонаду бас...

Дар замоне, ки саломи камбағалу бечора ва ҳатто маъюбу нотавон, ки ҷурми тану ӯ ҷурми дилу забонаш нест гӯё “лоиқ”-и алейк гирифтан нест. Чунин як иқдоми хайрхоҳона ба фикри мо болотар аз бунёди бинову ишоотҳост. Зеро он биноҳо хонаи гилро обод мекунанду ин бинояки назарногир хонаи дилро.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД