Formula novemver 2024
Изҳори тасаллияти Президент ба хонаводаи Нависандаи халқии тоҷик
974

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум Меҳмон Бахтӣ, НАвисандаи халқии тоҷик изҳори тасаллият намудааст.

«Меҳмон Бахтӣ дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хизматҳои шоистаро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дошт.

Осори эҷодкардаи Меҳмон Бахтӣ дар байни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти хос дорад.

Ӯ дар тарбияи наслҳои ҷавони адибони тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.

Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд».

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар додааст.

Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, имрӯз аз олам даргузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД