Ман бояд издивоҷ мекардам, вале яке аз хешовандонам аз дунё гузашт. Оё ҳозир издивоҷ карда метавонам ё ки пас аз додани маъракаи солаш тўй кунам?
Алишер, ш. Кӯлоб.
Бародари азиз, аз нигоҳи шариат айёми таъзия се рўз аст, баъд аз ин зиндагӣ боз ба маҷрои худ идома медиҳад. Издивоҷ суннати Паёмбар (с) аст ва шитоб кардан дар анҷоми он мустаҳаб ва хуб аст. Онро як сол ба таъхир андохтан шарт нест.