Иттиҳодияҳои динӣ ба ятимону маъюбон ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ кумак расонидаанд
59

Иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон дар соли 2025 ба ятимон, маъбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи зиёда аз 11 млн сомонӣ кумаки моддию молиявӣ расонидаанд.

Дар баробари ин, ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар молҳои зарурӣ расонида шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти якҷояи матбуотии Кумитаи дин, танзими ҷаншу маросим ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 328 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ, дар маҷмуъ 4058 иттиҳодияҳои динӣ амал менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД