Formula novemver 2024
Истиқболи қаҳрамонон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
1086

Шаби 29 сентябри соли ҷорӣ ҷудокорони номдори тоҷик - Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин иштирок карда, медалҳои ин мусобиқаро ба даст оварданд, ба Ватан баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе варзишгаронро роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи ҷудо, варзишгарону собиқадорони соҳа ва дӯстдорони варзиши кишвар бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд.

Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҳангжоуи Чин варзишгаронро ҳамроҳӣ мекард, аз сабқатҳои варзишгарони тоҷик ба некӣ ёдовар шуда, зимни суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ воқеан ҳам қаҳрамонӣ ва таърихсозӣ карданд.

"Сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз варзишгарони мо дар мусобиқоти байналмилалӣ ҳарифони пурқувватро шикаст дода, кишвари худро садрнишини мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ менамоянд. Корнамоии се ҷудокори мо дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ далели ин гуфтаҳост", - илова кард раиси Кумита.

Исмоили Маҳмадзоир, президенти Федератсияи ҷудои мамлакат низ зимни пазироӣ ва суҳбат бо варзишгарон ба корнамоии эшон баҳои баланд дод.

Гуфта шуд, ки натиҷаи сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар аст, ки варзишгарон имрӯз парчами мамлакатро боло мебардоранду ба кишвари маҳбубамон нуфузи бештар мебахшандд. Итминон дорем, ки бо чунин натиҷаҳои назаррас варзиши мамлакат ба маротиб рушд карда, дар ояндаи наздик аз миёни онҳо қаҳрамонҳои олимпӣ пайдо хоҳанд шуд.

Ҳамин тариқ, варзишгарон низ ба роҳбарияти кишвар, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шароитҳои созгор муҳайёкарданашон ба варзишгарон изҳори сипос гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки аз 22 сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор гаштаистодааст, ҷудокорони тоҷик – Сомон Маҳмадбеков нишони тилло, Темур Раҳимов нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода медали биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.

Ба варзишгароне, ки дар Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу нишони тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Ҳамчунин, бо қарори вижаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба гирандагони медали тилло хонаи 3 - ҳуҷрадор, медали нуқра 2 - ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 - ҳуҷрадор тақдим мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД