Истеҳсоли нерӯи барқ кам шудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» 8 миллиарду 890,7 миллион кВт-соатро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 миллион кВт-соат кам аст. Дар ин бора имрӯз, 13-уми июл Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дода гуфт:
“Истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 7 миллиарду 926,7 миллион кВт-соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 964,0 миллион кВт-соат таъмин карда шуд, талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» дар маҷмуъ 28,4 миллион кВт-соат ё 0,32 фоизи барқи истеҳсолшударо ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 0,07 фоиз коҳиш ёфтааст.”
Ҳаҷми истеҳсоли гармӣ дар соли равон ба 751 ҳазор Гкал баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 дар ҳаҷми 61,5 ҳазор Гкал кам гардидааст.
Бо мақсади беҳтар намудани неруи барқ дар нимсолаи якуми соли 2026 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» аз дигар истеҳсолкунандагони мустақили дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат 2 миллиарду 752,8 миллион кВт-соат неруи барқ ворид намудааст.