Commerce bank may-june 2026
Истаравшан: Мудофиаи ҳудудӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид
77

Дар шаҳри Истаравшан чорабинии махсус оид ба санҷиши ҳолати омодабошии захираҳои сафарбарӣ ва қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ доир гардид.

Дар он сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон Абдуқодир, раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Баъди садо додани бонги хатар ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ дар муҳлати муайяншуда ба Варзишгоҳи марказии шаҳр ҳозир гардиданд. Ҳамзамон, дар майдони ҶДММ «Ширкати нақлиётии Дўстӣ» техникаҳои гуногуни хоҷагии халқ барои иҷрои вазифаҳои мудофиаи ҳудудӣ омода карда шуда, мавриди санҷиши масъулин қарор гирифтанд.

Натиҷаҳои санҷиш нишон дод, ки нақшаи пешбинишуда хуб иҷро гардида, шаҳрвандон бо ҳисси баланди ватандўстӣ дар ҷойи таъиншуда ҷамъ омаданд. Ин нишондиҳанда аз сатҳи баланди омодагии шаҳрвандон, фаъолияти босамари мақомоти дахлдор ва эҳсоси масъулияти ватандўстонаи сокинони шаҳр дарак медиҳад.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур санҷиши ҳолати воқеии омодабошии ҷангӣ ва сафарбарӣ, таҳкими мудофиаи ҳудудӣ, такмили ҳамоҳангии мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳарбӣ, санҷиши фаъолияти амалиётӣ-тактикӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии рўҳиву равонӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсӣ, инчунин сайқал додани малакаҳои амалии иштирокчиён дар ҳолатҳои эҳтимолии таҳдид ба амнияти давлат мебошад.

Дар рафти чорабинӣ сохторҳои марбута ҳамоҳангии хуб нишон дода, исбот намуданд, ки низоми мудофиаи ҳудудии шаҳри Истаравшан дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар фаъолияти устувор дорад.

Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон Абдуқодир зимни суханронӣ таъкид намуд, ки имрўз вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як шаҳрванди кишвар ҳушёрии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандўстӣ ва омодагии доимиро барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ тақозо мекунад. Гуфта шуд, ки таъмини амнияти давлат, ҳифзи сулҳу субот, истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Дар идома раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки сокинони Истаравшан ҳамеша сиёсати сулҳпарварона ва созандаи роҳбарияти олии мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, барои ҳифзи амният, оромӣ ва суботи ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамчунин раиси шаҳр оид ба ташаббуси нави байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» андешаронӣ намуда, таъкид кард, ки ин ташаббус бозгўи сиёсати сулҳҷўёнаи Тоҷикистон буда, ҳамчун иқдоми муҳим барои таҳкими сулҳу субот дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

Дар охир ба як қатор фаъолон, инчунин падару модарони хизматчиёни ҳарбӣ барои саҳми арзанда дар тарбияи ҷавонони ватандўст ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД