35 years of independency
Истанбул зери борони шадид: селу обхезӣ шаҳрро фаро гирифт
15.10.2026
Oila.tj
268

Мақомоти шаҳри Истанбули Туркия бинобар боришоти шадид ва хатари обхезӣ рӯзи 14-уми октябр дарсҳоро дар мактабҳои шаҳр лағв карданд. Дар ин бора ҳукумати шаҳри Истанбул хабар додааст.

Тибқи иттилои мақомоти маҳаллӣ, боришоти шадид, ки аз шоми 13-уми октябр оғоз ёфтаанд, боиси обхезӣ ва халалдор шудани фаъолияти як қатор ноҳияҳои шаҳр шудаанд.

Ҳамчунин, рӯзи 15-уми октябр барои занони ҳомила ва шахсони дорои маъюбият, ки дар муассисаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, инчунин барои кормандзаноне, ки фарзандони то ҳаштсола доранд, рӯзи истироҳат эълон шуд.

Барои рӯзи панҷшанбе дар Истанбул сатҳи зарди хатари обу ҳаво эълон шуд. Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, боришоти шадид то охири рӯзи 15-уми октябр идома меёбад. Мақомот эҳтимоли обхезиҳои нав, селу ҷараёнҳои лойолуд ва халалдор шудани ҳаракати нақлиёт ва фаъолияти инфрасохторро истисно намекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД