Sebiston new 2024 october
Қиссаи зани ҷангалбон (ҚИСМИ 2)
1621

Мошин ӯро назди дарвозаи бошукӯҳе фаровард. Ӯ дар даст тавсияномаи агентӣ вориди он қасри бошукӯҳ шуд, ки дар филмҳо дида буд. Дар ин қасри бошукӯҳ, ки ғайри Дунё боз чандин нафар хидматгор буд, Анна Григоревна бо писараш Алмаз зиндагӣ мекард.

Анна аз он, ки хидматгори навбатӣ духтур аст, хурсанд шуд. Вазифаи Дунё аз тамиз кардани ҳуҷраҳои ин қасри бошукӯҳ иборат буд, ки хеле зиёд буданд. Писари хонум ба русҳо монанд набуд, баъд маълум шуд, ки падари Алмаз турк будааст. Алмаз аз рӯзи аввал ба хидматгори нозанин, ки ба моделҳо монанд буд, бо назари харидорӣ менигарист. Қомати баланд, мӯйи қиргуни то хами зону дароз, миёни борику пеши бари барҷаста, абрӯвони камону чашмони шаҳлои тоҷикдухтари нозанин, хӯҷаинро девона мекарданд. Ҳарчанд дар пеш тӯйи хонадоршавии Алмаз бо духтари яке аз сарватмандони машҳур буд, аммо ҷавони хунгарм сайдашро аз даст доданӣ набуд. Як бегоҳ ӯ аз набудани одамон истифода карда, Дунёро ба яке аз ҳуҷраҳо каш-кашон дароварда, домонашро доғдор кард ва ба ӯ ваъда дод, ки баъди гузаштани тӯй барояш хона харида, ӯро зани дуюм карда мегирад. Дунёи аз барф гурехта дар борон зада мегирист ва метарсид ба ҷое шикоят барад, тарси дигараш аз бадном кардани духтари Валя-хола буд. Баъди ин воқеа Алмаз зуд-зуд Дунёро наздаш мехонд, духтар илоҷе надошт, тӯйи ҷавони айёш баргузор гашту Дунё гумон кард, ки акнун ҷонаш аз ӯ халос мешавад, аммо ин тавр нашуд. Бо гузашти ду-се моҳ Дунё фаҳмид, ки ҳомиладор аст. Алмаз зуд ӯро аз кор хориҷ карду барояш хонаи иҷорае гирифта, ба дасташ пул дода гуфт, ки аз тифли дар батнаш буда халос шавад. Вале Дунё ду бор ба духтур рафту дилаш нашуд, Алмаз низ чизе нагуфт, писаракаш ба дунё омаду аз ин воқеа модари Алмаз хабар ёфта, писарашро наздаш хонда гуфт:

- Ту аблаҳ чанд сар дорӣ, ки бо хусурат бозӣ мекунӣ?! Агар ӯ аз ҳаромият хабар ёбад, моро ба хокистар табдил медиҳад.

Алмаз ба хабаргирии Дунё ва писарашон Анас рафта, ширинии зиёд бурд. Ӯ бо меҳрубонӣ ҳамроҳи Дунё чой нӯшид, баъди хӯрдани як пиёла чой сари Дунё чарх задан гирифту ӯ дигар чизеро дар ёд надошт. Чун ба худ омад, дар хонаи ҳақиронаи чӯбине партофта шуда буду дар берун ду нафар гуфтугӯ доштанд. Дунё фаҳмид, ки Алмаз аз ӯ халос шуданӣ аст, синаҳои пуршираш сих заданд ва писарашро ба ёд овард. “Ба хотири писарам ман бояд зинда монам” гуфт ӯ ва бо як азоб тирезаи чӯбини хоначаро кушода, ба самти номаълум давид. Дасту пояшро буттаҳои хордори ҷангалӣ канда, хуншор карданд, ҳамин вақт аз пешаш саги калоне баромад ва ӯ дар рӯ ба рӯи саг нишаст. Аз пушти саг ҷавонмарди қоматбаланди либоси ҳарбидор баромад ва гуфт:

- Натарс, Тарзан саги ганда нест…

Дунё бо гиря ва аҷала ба ин мард кутоҳак саргузашташро нақл кард, ӯ ба нозири минтақавӣ занг заду ба Дунё гуфт:

- Биё бо ман меравем, хоҳарам меҳмонӣ омадааст, бо ӯ каме ба худ меоӣ.

Ин ҷавонмард ҷангалбон будаасту номаш Равил, хоҳараш Гулмира журналист будааст. Онҳо бо Дунё хеле меҳрубонӣ карданд, нозири минтақавӣ занг зада, хабар дод, ки ҷинояткорон дастгир шудаанд. Гулмира Дунёро ба оғӯш кашида гуфт:

- Мо аслан тоторҳои қазонем, ки чандин сол пеш ба яке аз ноҳияҳои атрофи Маскав кӯчидем. Ман назди бародарам омадам, ки дар бораи шикорчиёни ҷинояткор нависам, онҳо ҳайвонҳои нодирро нест мекунанд. Тақдирро бин, ки бо фоҷиаи ту рӯ ба рӯ шудам…

Ду ҳафта пас навиштаи сенсатсионии Гулмира низ чоп шуду аз рӯи нишондодҳои ҷинояткорон Алмазро дастгир карданд, Анас ба модараш баргардонда шуд. Дунё шаш моҳ дар хонаи ҷангалбон зиндагӣ кард ва оҳиста-оҳиста ба Равили паҳлавон, ки зану духтараш дар садамаи нақлиётӣ фавтида буданд, муҳаббат пайдо кард. Онҳо ақди никоҳи мусулмонӣ ва расмӣ баста, зану шавҳар шуданд. Равил Анасро писархонд кард. Падари меҳрубон зану писарашро ба шаҳраки наздики ҷангал бурда, барояшон хонаи зебоеро харидорӣ намуд. Худаш ҳам баъди кори вазнин ба мошини кӯҳгардаш нишаста, аввал занашро аз кор, баъд писарашро аз боғча гирифта, ба сӯи хонааш мешитофт…

Афсонаи талхи зани ҷангалбон анҷоми ширине дошт, баъдтар онҳо соҳиби духтарчаи заркокул низ шуданд…

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД