Паёмбар мегӯяд: каме сабр кун Ҷабраил (а) биёяд.
Ҷабраил (а) чун меояд.
Паёмбар мепурсад:
- Ваьда буд, ки умри ман то 90 сол мерасад холо 63 соли умри ман гузаштааст?
Ҷабраил (а) мегуяд: 27 соли умри ту дар шаби меъроч гузаштааст.
Паёмбар боз мепурсад:
Баъд аз сари ман боз ба замин фуруд хоҳӣ омад ё на?
Ҷабраил (а) мегуяд: баъд аз сари ту ҳеҷ вақт ба замин фуруд нахоҳам омад, магар 10 бор, ки 10 гавҳар аз Дунё хоҳам бурд.
Паёмбар мепурсад: кадом 10 гавҳар хоҳӣ бурд?
Ҷабраил (а) мегуяд ё Расулуллоҳ...!
1) Гавҳари сабр,ки ҳеҷ дарвешро сабр нахоҳад монд.
2) Гавзари шарм, ки ҳеҷ касро шарм нахоҳад монд.
3) Гавҳари меҳр, ки ҳеч касро меҳр нахоҳад монд.
4) Гавҳари адл, ки подшоҳонро адлу инсоф нахоҳад монд.
5) Гавҳари баракат, ки ба чизе баракат нахоҳад монд.
6) Гавхари саховат, ки фақиронро ҳеҷ кас дуст нахоҳад дошт.
7) Гавҳари ростӣ, ки хеч касро рости нахоҳад монд.
8) Гавҳари ҳалол,ки хеч кас ҳалолу ҳаромро нахоҳад шинохт.
9) Гавҳари амал, ки олимон бар илм кор нахоҳанд кард.
10) Гавҳари баракат, ки Қуръони Маҷид аз Дунё хоҳам бурд.
Баъдаз он осори Қиёмат падид хоҳад шуд.
Пас Пайғамбар (с) мегӯяд:
Ё Ҷабраил (а) ҳоли умматони ман чӣ мешавад?
Ҷабраил (а) мегӯяд:
Фармони Хактаъоло овордам, ки Мухаммадро бигӯ, ки умматони худро ба ман бисупорад то ба рӯзи Қиёмат ба Ӯ супорам.
Пайғамбар (с) ҳамаи ёронро даъват намуда васият кард, ки эй ёрон ҳалолро ҳалол донеду ҳаромро ҳаром ва молро закот диҳеду фақиронро маҳрум нагузоред ва ҳамсоягонро маранҷонед ва бар занону фарзандону ятимон шафқат кунед, ки ба қадре аз он имтиҳон гузаред!
Пас Пайғамбар (с) фармуд, ки эй Азроил истода шаву қабзи ҷонӣ бар куну бар умматони ман накун, ки ишон қудрат надоранд ва бисёр заифу кам қуватанд.
Азроил (а) гуфт:
Ё Расулуллоҳ ҳар уммати ту, ки баъд аз намози фариза "Оятулкурсӣ" бихонад ҷони ӯ чунон қабз кунам, ки тифли ширхора ба пистони модар шир бинушаду дар хоб равад, модараш пистони худ бикашаду тифлро маълум набошад.
Баъдан Азроил даст бар синаи муборак ниҳод ва Пайғамбар оҳ баровард.
Азроил (а) гуфт:
Ё Расулуллоҳ чаро оҳ баровардӣ? Фармуд:
- Эй Азроил ман донистам, ки ту куҳҳои Дунё бар синаи ман ниходӣ, тарсам, ки бар умматони ман ҳам чунин кунӣ! Баъдан ҳама ёрон пурсиданд, ки ё Расулуллоҳ аз ин ҷахон меравӣ моёнро насиҳат кун?
Пайғамбар мегӯяд аз бадӣ парҳез кунед ва кинаро аз дил бадар кунед.