Қудрати хаткашонро дар ноҳияи мо ҳама мешинохтанд, зеро ин гуна одами зиштрў (Худо маро бахшад) дар ягон ҷо набуд. Сари ин мард аз андоза берун калон, рўяш дароз, пешонааш дунг ва чашмонаш ниҳоят чуқур буданд. Вале аз чӣ бошад, ба ҳамин симои даҳшатовараш нигоҳ накарда, мардум бо ў бо ҳурмату эҳтиром муносибат мекарданд, зеро хушсухану хушрафтор буд.
Худованд ба Қудрат симои ваҳим, вале тақдири баланде дода будааст, занаш Салима ба парӣ шабоҳат дошт. Қоматбаланди зебо, сап-сафед, ба қавле об хўрад, дар гулўяш намуда меистод, мўйдароз ва панҷ панҷааш ҳунар. Қиссаи хонадоршавии онҳо низ хеле аҷиб аст…
Қудрати Худо
Қудрат фарзанди аввалини волидайнаш буд, ў таваллуд шуду дар деҳа ҳама ба ваҳшат афтоданд, зани Амон «ҷондор» зодааст. Момодояҳо аз дидани тифлак ба даҳшат афтода, овозаҳои гуногун паҳн карданд. Амон мехост тифлаки булаҷабро ба ятимхона супорад, вале Шаъмигул аз ҷонаш гузаштанӣ буду аз тифлакаш не…
Амон занашро талоқ дод. Шаъмигул ба хонаи волидонаш баргашта, дар як гўшаяки замини падарӣ хонае бино карда, тифлаки ба қавли мардум «ҷондор»-ашро ба воя мерасонд. Қудратулло ном ниҳод ба фарзандаш, зеро чеҳраи аҷоиби ўро додаи Аллоҳи бузург дониста, шукрона мекард. Шаъмигул дар боғчаи баччаҳо ошпаз буд ва тамоми чизи ёфтаашро сарфи писараш менамуд. Қудрат модарашро зиёд дўст медошту кӯшиш мекард ба вай ёвару мададгор бошад, дасту пойи бутун дошт, саломатияш хуб буд, танҳо чеҳрааш ниҳоят дар назар зишт метофт.
Писарак мактабро тамом карду дар почтаи ноҳия ба ҳайси хаткашон ба кор даромад. Шаъмигул бисёр мехост келин фароварда, армон шиканад, вале касе ба писари вай духтар намедод. Модарро ин алам оҳиста-оҳиста ба бистар кашид ва армони писари ягонаашро надида, аз олам гузашт.
Қудратро синну сол ба сӣ дакка мехўрду танҳо дар кулбаи бемодар умр ба сар мебурд, бибиву бобояш низ кайҳо аз олам гузашта буданд. Меҳрубонаш танҳо зани тағояшу ҷиянҳо буданд, гоҳ-гоҳе дами гарме меоварданд, худаш аксар вақт дар ошхонаҳо хўрок мехўрд…
Таклифи аҷиб
Як шом Қудрат нав аз кор баргашта, рўйи кати таги ҳавозаи ангураш як пиёла чойи танҳоияшро менўшид, ки ду нафар бе пушт - пушт ба ҳавлияш даромаданду авҳолпурсияш намуданд. Яке аз мардон лаби кат амонат нишаста, гуфт:
- Додар, ҳамин мард (марди ҳамроҳаш қавоқашро андохта, сараш хам ба рўйи онҳо нигоҳ намекард) додари ман аст. Занашро сари қаҳру ғазаб се талоқ кардааст, зиндагияшон номумкин аст аз рўйи шариат, бояд ҳалола кунад. Мо ба шумо пул медиҳем ва зани додарамро низ никоҳ карда медиҳем, як шаб ҳамроҳатон истад, рўзи дигар талоқашро медиҳеду омада мебарем.
Қудрат аввал ба ин кор розӣ нашуд, вале мард гуфт, ки онҳо як писараки шашмоҳа доранду сағира нашавад…
Бепадарӣ ҷойи дардманди дили Қударат буд ва ба хотири кўдак розӣ шуд ба ин кори нангин. Дар дил азм кард, ки майлаш, дасти он занро намеқапад, бигузор оилааш ба хотири кўдак аз вайроншавӣ эмин бимонад.
Ў гиряҳои зор-зори модар ва бепадарии худро пеши назар оварда, розӣ шуд…
(Давом дорад)
Нисо ХОЛИД