arzon replenishment
ҚИССАИ ШАБ: ВОХӮРИИ НОГАҲОНӢ (ҚИСМИ 1)
03.12.2021
ДИЛОШӮБ
3999

         Аҷаб гардишҳое дорад дунё, гоҳе ба аспи давлату шӯҳрат саворат мекунаду гоҳи дигар хору зор. Ман дар ин росто, зиёд андеша мекунам, қиссаҳои зиёде шунидаву навиштаам, аммо ин бор маро чизи дигаре ба навиштани маводи зер такон дод. Тақдири як зан, роҳи умри як бону….

Як ҳамсабақамон дербоз бемор буд, ба Омина, ки даврони донишҷӯйӣ сардори гурӯҳамон буд, занг зада, инро гуфтаму ӯ бо шӯхӣ посух дод:

-Э Худое, ман ҳоло ҳам барои ту «Староста» ҳастам а?! Ва илова кард, ки “ман аз куҷо киро меёбам, ту наздам биё, якҷоя ба аёдат меравем”. Хоҳари ҳамкурси беморамон ҳамсояи мост, ман аз ӯ дар куҷо табобат гирифтани дугонаамонро пурсидаму роҳ пеш гирифтам ба ҷойи кори Омина. Омина дар як корхонаи бонуфуз муовини сардор аст, вақте ман ба наздаш мерафтам, соат ба панҷ наздик мешуду ҳама ба сӯйи хона мешитофтанд. Омина маро дар кабинети корияш интизор буд, нав бо ӯ салом карда, дар курсӣ нишаста будам, ки дари утоқаш тақ-тақ шуд. “Биёед”, овоз баланд кард Оминаи хоксору дилсӯз, ҳамин вақт ба ҳуҷраи кории ӯ зани лоѓару хеле ѓамгин ворид шуда гуфт:

-Раҳмат, муаллимаҷон, корам барор гирифт. Гуфтам як шуморо дида, баъд равам, аз пагоҳ ба кор сар мекунам,- Омина аз ҷояш хест ва занро гусел карду гуфт:-ѓам нахӯред, ҳамааш наѓз мешавад.

Ман ин занро шинохтам, ӯ Нозбӯ аз ноҳияи мо буд. Падараш як умр дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекарду дар ҷангҳои шаҳрвандӣ қурбон шуд. Қиссаи талхи зиндагии ӯро низ медонам ва фаҳмидам, ки Нозбӯ низ маро шинохт ва худашро ба нодонӣ зад. Омина меҳмонашро гусел карду чашмони зебояш ѓарқи об гуфт:- Бечора, духтари раис будааст, аммо тақдирро бин ба чӣ ҳолаш овардааст. Дар як идора фаррош будааст, ихтисораш кардаанд, чанд моҳ кор мекофтааст, пешам омад, аз раисамон хоҳиш кардам, кораш гирифт… Ман дар бораи он ки Нозбӯро шинохтам, чизе нагуфтам, он рӯз ба аёдати дугонаамон рафтем, дукаса дар як қаҳвахона нишаста, хӯроки шом хӯрдем. Даврони тиллоии умрамонро ёд карда хандидем, аммо аз пеши назарам чеҳраи маҳзуни Нозбӯ дур намешуд….

                                 Эркадухтари хору зор

Нозбӯ байни чор бародар духтари ягонаву эркаи раиси Салим буд, дар ин хонаводаи фарҳангӣ ҳама соҳибмаърифату вологуҳар буданд. Нозбӯи кабудчашмаки зардинаи қоматбаланд низ ба эрка карданҳои падару бародаронаш дода нашуда, хеле боодобу ҳунарманд буд. Одоби хубу меҳрубониву хоксорияшро як духтари дигар мегирифтанд. Садҳо нафар аз хешу табору ҳаққу ҳамсоя келингираш буданд, аммо..

Бародарони Нозбӯ ҳамагӣ дорои маълумоти олӣ буданд ва духтарак мехост баъди хатми мактаб ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуда, духтур шавад. Аз ин рӯ, фанҳои ба ҳамин касб дахл доштаро мехонду мехонд, вале ҷанги шаҳрвандӣ ба рӯйи ҳама орзуҳои духтар хатти батлон кашид. Падараш яке аз қурбониҳои аввалини ҷанги шаҳрвандӣ гашт, бародаронаш аз тарси ҷон ҳама чизу чораашонро партофта, ба Афѓонистон гуреза шуданд. Чӣ қадар ашк мерехт духтарак бо ёди падари ѓарқи хуни дар он тарафи дарё хуфтааш, ѓамбемор буд духтарак. Зиндагӣ дар ѓарибӣ, ѓаму дарди падар модарашро аз пой афтонд ва дар ҳасрати як коса оби Ватан ҷон ба ҷаббор супорид. Модараш ҳангоми назъи ҷон бародари калонияшро ҷеѓ зада гуфт:

-Амирҷон, акнун ту падарӣ, Нозбӯро ба ту ва туро ба Худои карим месупорам. Баъд модар бе ҳушу ёд шуда оллоӣ мегуфт:- Амирҷон, рафта аз боѓи боло гелосам биёр, аз чашмаи пушти хона як коса об. Амирҷоне, ки ҷасади пурхуни падарро болои дастон овардаву дафн карда буду як қатра оби чашм нарехта буд, оби чашмаш шашқатор аз куҷое камтар ангури сиёҳ ёфта оварду дар як коса об гирифта, назди модар даромад. “Очаҷон, ана гелосу ана об”… Холаи Гулрӯ як дона ангурро ба зӯр фурӯ бурду аз рӯяш як қулт об нӯшид ва пичиррос зад, ангура аз гелос фарқ намекунӣ а? Об ҳам оби Ватан нест… Ҳамон табассуми талх дар лабон ҷон дод модар ва Нозбӯро танҳои танҳо байни замину само кард…

                               Мотамтӯй

Нозбӯ шонздаҳ сол дошт, он замон духтардорон сахт метарсиданд, зеро яроқдорон метавонистанд дар дилхоҳ соат даратро зада, духтаратро гирифта раванд. Аз байни ҳамсояҳо танҳо амаки Нафасшо барои писари ягонааш хостгорӣ омад. Хостгорони дигар бегонаҳо, ҳатто чанд афѓон буданд ва бародарони Нозбӯ аз бегона дида, Ҳошими қадпастаки сипсиёҳакро авло донистанд. Дили Нозбӯ хун мегирист, зеро Ҳошим аз ӯ даҳ сол калон ва ниҳоят безеб буд. Чу ба янгааш рози дил кард, янгааш “ҳозир ҷойи нозкунӣ нест, мехоҳӣ зани панҷуми ягон камондор шавӣ?!” гӯён, даҳонашро баст, тӯйи Нозбӯро тӯй гуфтан ҳам нашояд, ӯро гирякунон ба хаймаи падару модари Ҳошим бурданд…

     Беҳуда нагуфтаанд, ки «шабушк дар ҷандаю иллат дар ганда». Ҳошим бар замми зиштрӯйӣ бисёр баддаҳону ҷоҳил буд. Рӯзи Нозбӯ бо гиристан сар мешуду бо гиристан ба охир мерасид, хусураш меҳрубонаш буд, Хушдоманаш ҳамеша таънааш мекард, ки сари падару модаратро хӯрдӣ, навбати мост, чӣ ин қадар фих-фих мекунӣ?!Ҳошим бошад, ӯро мисли ѓулом кор фармуда, борони ҳақоратро ба сараш мерехт, Нозбӯ ҳамеша орзу мекард, ки агар Ватан тинҷ шаваду ба он ҷо баргарданд аз шавҳари бадафту баддаҳонаш ҷудо хоҳад шуд. Рӯзҳои бад гузаштанду тинҷиву амонӣ фаро расид, бо ташаббуси Президент гурезаҳо ба ватан баргаштанд, пас аз ду моҳи баргаштан ба ватан Нозбӯ ду духтараки мисли худаш нозанин таваллуд кард ва ба хотири онҳо аз шавҳар ҷудо нашуд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД