Sebiston new 2024 october
ҚИССАИ ШАБ: Шавҳардори бе шавҳар ва ё зани оқипадар …(ҚИСМИ 3)
2657

Соли 2013 замини пахтаам бо сабаби гармии ҳаво хушк шуду ман сӯхтам. Қарзе, ки 5 ҳазор доллар буд, 24.000 доллар шуд. Хонаамро фурӯхтаму қарзамро баргардонидам ва бо маблағи боқимондааш замин ва хонаи хурдтарро аз худи ҳамон бонк харидам.

Чанд гову гӯсолачаи майда харидам ва духтарамро дохил кардам, ки ҳар сол шартномаашро диҳам.

Вале падараш дар вақти набудани ман говамро фурӯхта, дар пулаш арақ нӯшидааст. Ба ин хотир, дигар маблағ пайдо карда натавонистаму духтарамро аз донишгоҳ хориҷ карданд. Ба шаҳри Душанбе омадам, дар як қатор бозорчаҳо кор кардам, вале шавҳарам суроғаамро пайдо карда, шиканҷа медод. Чандин маротиба борҳоямро партофта, ҷонамро халос кардам, то имрӯз аз дасти ӯ азоб дорам. Маро ба ҳолам намемонад.

Чанд маротиба аз намояндаҳои ноҳия хоҳиш кардам, ки аз сатҳи зиндагии ман бохабар шаванд, вале наомаданд. Хостам барои шартномаи духтурам кӯмак намоянд, вале дастгирӣ накарданд. Ҳатто ба Роҳбари давлат мактуб кардам, то дар баргардонидани қарзи бонкам бо асъори ҳамон солҳо мусоидат кунанд, вале ҳамоно хомӯшӣ аст. Дар кӯчаи Шегеер 41 ҳавлие, ки арӯсиамро онҷо оварда буданд, соли 1985 ҳеварамро низ оиладор карданд.Келини дуюм хонаводаро бисёр азият медод. Хушдоманам аз мо хоҳиш кард, ки барои Фотима хоҳарарӯсам, ки ноқисулақл асту дар оянда азият накашад, хонаи алоҳида харида диҳем. Ману шавҳарам ва акаи калонашон Амриддин (марҳум) рӯ ба рӯи ҳавлии пешинаамон хона харида додем. Хушдоманам барои дар оянда даснигар набудани Фотима, як писарбачаро бо номи Умед гирфита калон кард. Вале баъди ба воя расиданаш ҷӯраҳояш мегӯянд, ки ин модарат нест. Ӯ бошад “ ба ман модари беақл лозим нест” гуфта, ӯро партофта рафт. Имрӯз зани додарарӯсам хонаҳои худашро қаср кардаасту ба хонаи Фотима чашм ало кардааст, ҳол он ки онро мо харидаему худамон ҷои истиқомат надорем.

Бо ин машаққатҳо синнам ба 60 расид. Бо шавҳарам гап намезанам, дигар асабам гапашро намебардорад, ҳамеша фикр мекунам, фикр мекунам, дилам дардманд шудааст. Рӯзи ҷумъа, боз ҷангу ҷанҷол бардошт, маро зеру мушту лагад гирифт. Фақат дар тори сарам мезанад, фикр мекунам, сӯрох шудааст. Бисёр мехостам, ки ягон нафари масъул ӯро огоҳ кунад , то ки дигар ба зиндагии ману фарзандонам дахолат накунад. Ӯ чанд маротиба ҷавоби маро додааст, худаш хонаи истиқоматӣ дорад. Наход, то охири умр бо чунин аҳвол зиндагиам идома ёбад? Наход, ман аз зарби мушту лагади шавҳарам мирам, наход оромӣ дар ҳаёти мо ворид нашавад? Наход, ман нафаси озод кашиданро танҳо орзу кунам? Илтимос, барои зиндагии оромро насиб шудан ба ман кӯмак кунед…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД