Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: Подоши бадӣ (ҚИСМИ 1)
24.11.2021
ДИЛОШӮБ
4565

Дилбар нав намози бомдоро хонда, аз ҷояш хест то каме тамрин кунаду баъд чой нӯшида, ба кор равад, аммо занги телефон риштаи андешаҳояшро бурид. Ӯ саросема онро бардошта, нигоҳ кард: «Кафтаракам»- ӯ духтарашро дар мобилаш ҳамин гуна сабт кардааст. Тинҷӣ бошад, андешид бону, аз он тараф духтараш аввал салом дода, аҳвол пурсид, чун хотирпарешонии модарашро медонист, гуфт, ки ҳама хубанд, бибияш низ, вале аммам бемор шудаасту агар розӣ бошӣ, ба хабаргирияш равам.

Дилбар духтарашро зиёд дӯст медошту албатта иҷозат дод. Нисо сӣ сол дораду шавҳару рӯзгори ободу чор фарзанд, аммо дар ҳар кор аз модар маслиҳат мепурсад. Аммо чанд рӯз хотираҳои дур ӯро ором нагузоштанд….

                                 Нозаниндухтари эрка

     Дилбар дар оила фарзанди калонӣ буд, ду хоҳару ду додар дошта бошад ҳам, волидонаш ӯро зиёдтар дӯст медоштанду эрка мекарданд. Падараш раиси колхоз, модараш хонашин буду зиндагии хубу шоистае доштанд. Деҳаи онҳо дар домани кӯҳҳои сар ба афлок кашида воқеъ буду аксарияти мардумаш тақводор буданд, аз ин рӯ, занҳои маълумотдор башумор буданд. Инҳо ду нафар муаллима буданд ва як духтур, ки шавҳаронашон аз дигар ноҳияҳо хуш карда гирифта буданд. Ба Дилбар падараш иҷозати дар донишгоҳ таҳсил карданро дод, аммо модараш қатъият зидди хондани духтараш буд. Хулоса, гапи модар гузашту Дилбарро ба писари яке аз рафиқони падараш фотеҳа карданд. Домодшаванда дар мактаби олӣ дар курси ахир мехонду яке аз домодҳои серхаридори ноҳия ба шумор мерафт, аммо…

      Як рӯз духтараки зардинае ба суроғи Дилбар омада гуфт, ки ӯ маъшуқаи ҷавоне ҳаст, ки бо ӯ фотеҳа кардаанд.

-Ману Сарвар бо ҳам хеле наздикем ва ман аз ӯ фарзанд интизорам,- гуфта, духтарак зор-зор мегирист. Дар ҳамин асно падараш низ барои хӯроки нисфирӯзӣ омаду шоҳиди ин гуфтугӯ шуд. Дилбар ба духтарак гуфт:

-Ман умуман Сарвар парварро намешиносам, шумо ҳарфатонро ба падарам гӯед.

Раиси Носир, ки ба бадқаҳрӣ машҳур буд, фотеҳаро гардонд, аммо падару модари Сарвар он духтарро бадгарду тӯҳматчӣ номида меомаданду мерафтанд. Раис розӣ нашуд, як бегоҳ ҷавонмарди болобаланде аз дарвозаашон даромад. Дилбар бо як дидани ҷавон дилаш шуввӣ кард. Ӯ низ нигоҳи меҳрубонашро ба Дилбар дӯхта гуфт:

-Дилбар, Сафина рӯяша сиёҳ мекунад, ӯ на ошиқам асту на аз ман ҳомиладор, ман туро дар тӯйи писари тағоят дида, ошиқ шуда будам. Илтимос, ба падарат гӯй…

Модараш ҳамин қадар миёнҷӣ шуд, вале падараш як гап дошт, не ва боз ҳам не!

                                           Тӯйи таъҷилӣ

Ҳамин вақт хостгори дигар омад, ҳамсояи холааш аз маркази вилоят ва падараш зуд розӣ шуду дар миёни як моҳ тӯй карда, Дилбарро бо ҷиҳози зиёде ба хонаи бахташ гусел карданд. Ростӣ, шавҳараш Манзур ҷавони бад набуд, аммо дар назди Дилбаре, ки мактабро бо медали тилло хатм намуда буд, бисёр бесаводу нодон метофт. Бо ӯ ҳатто мавзӯи сӯҳбат ёфт намешуд, аммо Манзур дар кори худ усто буд. Ӯ ба савдои мошин шуғл дошт ва пули хуб низ меёфт. Дилбар ба тақдир тан дода, аз пайи зиндагӣ шуд. Пайи ҳам як писару як духтар таваллуд кард, Манзур ду апа ва ду додар дошт. Апаҳояш шавҳар карда, рафта буданд, аммо хизмати хусуру хушдоману ду додари шавҳар бар дӯши Дилбар буданд. Дилбари эрка, ки дар хонаи падар дасташро ба оби хунук намезад, акнун аз оби ин хонадони сермеҳмон даромада, аз оташаш мебаромад. Дилбар танҳо як мушкил дошт, апаи калонии шавҳараш Мунира. Ин зан панҷ кӯдак дошт ва хеле ҷанҷолӣ буд, хонааш ҷудо бошад ҳам, доим бо авсунаш, ки ҳамсояаш буд ё бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол карда, ба хонаи падар қаҳр карда меомад ва ҳафтаҳо ин ҷо мемонд. Вай мисли меҳмон аз боло гузашта меистоду фармон медод. Вой бар он ки агар Дилбар як корро дертар иҷро кунад, ӯ инро пеши ҳама мегуфт, зани додарашро сад бор гирёну бирён мекард. Манзур одати апаашро медонист ва аз ташрифҳои зуд-зуди вай безор ҳам шуда буд, аз ин рӯ аз занаш пуштибонӣ мекард ва моҷаро сар мешуд байни апаву додар.

Мунира Дилбарро дар ҷодугарӣ айбдор мекард, аз куҷое бар бораи фотеҳаи вайроншудаи вай шунида буду ӯро бадахлоқу фоҳиша ҳам мегуфт. Дилбар фақат мегирист ва дар дифои худ чизе намегуфт…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД