Sebiston new 2024 october
ҚИССАИ ШАБ: МЕҲМОН АЗ ОН ДУНЁ (ҚИСМИ 1)
20.11.2021
ДИЛОШӮБ
4485

 

                         Пирдухтар

Дилшода духтараки сиёҳаки ситорагарм, ниҳоят меҳнативу хушахлоқ буд. Ду апааш шавҳар карда рафтанд, ду бародараш зан гирифта, хонаву дар бунёд карданд, синнаш ба сӣ дакка хӯрад ҳам, хостгор надошт ӯ…

Сараш хам, янгаҳояшро нигоҳ накарда, тамоми кору бори хонаро иҷро мекард, ҳеҷ гоҳ бо касе ману ту намекард. Баъзе хостгорон мебаромаданд, вале як бор, ду бор омада, боз гум мешуданд. Дилшода духтари намозхону порсо буд ва медид, ки модараш аз бебахтии вай ғам мехӯрад. Ӯ дар пинҳонӣ ба модараш мегуфт, ки “очаҷон, Худованд огоҳу доно аст, ғам нахӯред, агар бахтам кушода шавад, хуб, нашавад ҳам, худам нонамро ёфта, хӯрда истодаам, ба сари касе бор нестам ку...”

Дилошода рост мегуфт, дар оилаи онҳо на духтарҳо маълумоти олӣ доштанду на писарҳо, байни хешу таборонашон низ ҳама ба деҳқониву чорводорӣ машғул буданд. Дилшода дар мактаби деҳа фаррош буд ва корашро зиёд дӯст медошт, бисёр вақт дар дилаш волидонашро мазаммат мекард, ки чаро онҳоро ба ҷое ба хондан нафиристоданд. Дилшода дониши хуб дошт, худаш ҳам кӯшиши маълумоти олӣ ё ақаллан миёнаи махсус гирифтан накард. Ба занони маълумоти олидор, хусусан муаллимаҳо нигариста, ҳавасаш меомад ва боз худашро тасалло медод, ки Худованд чизеро муносиб дониста бошад, ҳамон мешавад…

Ба Дилшода алам мекард, ки баъзеҳо дар рӯяш, баъзеҳо дар қафояш мегуфтанд, ки пирдухтар шудааст. Дар намозҳояш Худоро зора мекард, ки бахташ кушода шавад ва Худо низ дуояшро шунид…

                               «Ханда»-и бахт

Бахти Дилшода ҳамагӣ як кӯча болотар аз онҳо зиндагӣ мекардаасту вале дертар хандид. Аз хонаи бобои Носир барояш хостгор омад, писари чоруми ин хонавода Ҷумъахон, ки бисёр зиштрӯву авбошнамо будааст, гуфтааст, ки Дилшодаро мегирад. Ҷумъахон, ки мардум Ҷумъа- бангӣ низ мегуфтандаш, аз Дилшода панҷ сол калон буд. Ӯ ба Русия рафта меомад, ба касе кор надошт, афташ ба авбошҳо монанд бошад ҳам, касеро озор намедод. Бангӣ буданашр низ маълум набуд, зеро ҳеҷ гоҳ масту аласту хуморӣ намегашт. Волидони Дилшода розӣ шуданд, зеро дигар умеди ёфтани домоди хуб ҳам надоштанд. Духтар чизе нагуфт, зани бобои Равшан Гулмоҳи хомфарбеҳ ба қавли деҳотиҳо як бало карда, се-чор либоси арзонбаҳо оварда, як тӯяки хоксорона гузаронида, Дилшодаро келин карда бурд. Дар хонаводаи серфарзанду сернабераи бобои Носир, Дилшодаро касе писанд намекард, зеро Ҷумъахон бо пайвандонаш муносибати хуб надошт. Бобои Носир бо писаронаш дар як гӯшаи деҳа чор сотих замини санглохро харида, як хоначаи оғилмонанд сохта, рӯзғори писарашонро ҷудо карданд, аниқтараш аз вай халос шуданд. Хоначаи бомаш лоин мечакид, на ҳаммому на ҳоҷатхонаву на анҷомхона, як ҳоли зор… Чун дар қади Дилшода кӯдак пайдо шуд, Ҷумъахон сафари Русия карда, ба занаш ваъда кард, ки кор карда пул мефиристаду ӯ хона созад. Дилшода бо умед шавҳарашро ба мусофирати меҳнатӣ равон кард. Бечора занаки дуҷон дар ин хонача метарсид ва ба хонаи модараш рафт, рӯзона ба кор мерафт, тамоми вақтҳои бекорияш дона ба дона сангҳои заминашро чида, он ҷо дарахтони сояафкан шинонд, маҳсулоти полезӣ низ… Ҷумъахон шаш моҳи аввал кам-кам пул мефиристод, баъд умуман бедарак шуда рафт…

            

                                 Ҳадяи тақдир

Чун моҳу рӯзи ҳомиладорияш ба охир расид, Дилшода дугоник таваллуд кард, як духтару як писар, ба онҳо Ҳасану Фотима ном гузоштанд. Аз хонаводаи хусураш гоҳ-гоҳе ба хабаргирияш меомаданд, дастовезашон як зарфи пур аз гардсӯз ва як нон буд. Дилшода бо ёрии модараш, зери нигоҳи каҷу норозиёнаи янгаҳо кӯдаконашро роҳравак карду аз бародараш хоҳиш намуд то хоначаи ӯро таъмир карда диҳад. Дар ин миён пеши хоначаи назарногири Дилшода боғчаи сабзу хурраме ороста шуда буд. Бародараш хонаашро таъмир карда, болояшро шиферпӯш кард ва зан ба хонаи худаш кӯчид, барояш хеле душвор буд. Ӯ кӯдаконашро ба модараш монда, ба кор мерафт, шабона болои сари онҳо то холӣ шудани дили шикастааш ашк мерехт. Аз падари фарзандонаш дараке набуд, касе намедонад ӯ мурда аст ё зинда. Бародаронаш мегуфтанд, ки мо мекобему намеёбемаш…

Дар бари хонаи яктораи Дилшода замини холие буд, ки ӯро як ҷавонмарди аспбоз харида, аспхона сохту ҳама гирду атрофро аз сангу шағал тоза намуда, асфалт намуд. Ин ҷавонмарди сахӣ ба Дилшода гуфт, ки “апаҷон, гоҳ-гоҳ аз аспҳои ман ҳам бохабар шав, ман розият мекунам”. Дилшода хурсанд буд, ки Саъдулло ба хотири аспҳояш ин гӯшаякро обод намуда, ду саги барзангӣ оварду камера насб кард. Дилшода аз ин ҳамсоягӣ хушнуд, ҳар саҳар аспҳои ӯро хабар гирифта, пеши аспхонаро рӯфта, об мезад, оҳиста оҳиста аспҳо бо вай омӯхта шуданду хӯроки пагоҳияшонро Дилшода медод. Ба Саъдулло меҳнатҳои ин зани камбағал хуш омаду ӯ барояш ҳар моҳ хӯрокворӣ, барои кӯдаконаш сару либос меовард. Як амали дигари Дилшода Саъдуллоро он қадар хурсанд кард, ки хонаи кӯҳнаякашро канда партофта, барояш ду хонаи даҳлездору ошхонаву ҳаммому анҷомхона сохта дод. Саъдулло аслан аспҳои зоттӣ оварда мефурӯхт ва як шаб яке аз аспҳои гароннархаш печида, қариб мемурд, вале Дилшода хабар ёфта, худаш корд гирифта, бандро буридаву аспро наҷот дод. Чун Саъдулло ин наворро дид, ҳуш аз сараш парид ва ба Дилшода гуфт:

-Апа, айби ман, ҳамон шаб фаромӯш кардам, ки тавилаи Рахшро кӯтоҳтар кунам. Шумо ҷонатонро дар хатар намонед, ба ман занг занед, Дилшода ки аспҳоро на камтар аз соҳибашон дӯст медошт, гуфт, ки “то ту меомадӣ, асп мемурд…”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД