arzon replenishment
ҚИССАИ ШАБ: ХУДАМРО ОТАШ ЗАДАМУ...
09.11.2021
ДИЛОШӮБ
2863

 

Дилам танг аст, даруни чор девори хонаам чун маҳбус мегиряму мегирям, аммо аз ин гиряҳо куҷо суд?! Бо сар шудани хунукиҳо захмҳои баданам ба дар медароянд, кафида хуншор мешаванд, месӯзанд ва ҷонам дард мекунад. Мехоҳам дарди диламро назди хонандаи нуктафаҳми «Оила» бигӯям, шояд нафаре суйи ман санги маломат афганад, вале ба дигаре, ки дар ҳолати ман қарор дорад, дарси ибрат хоҳад шуд, боварӣ дорам…

                       Духтари таърифӣ

Овони кӯдакиву наврасии ман дар сояи меҳри волидони соҳибмаърифатам хеле хуб сипарӣ шуда, дар оила чор нафар будем, се писар ва як духтар. Модарам маро зиёд дӯст медошту кӯшиш мекард аз тамоми ҳунарҳои занона бохабар бошам ва ман як духтари нозанини соҳибҳунар ба воя расидам. Коллеҷи тиббиро хатм кардаму дар беморхонаи ноҳияамон ба фаъолият оғоз намудам, харидорони зиёде доштам. Зеро модарам тарбияи хубам додам буд, роҳам якто буд, хона –кор, кор-хона…

Хостгорони зиёд доштам, вале насибу тақдир будааст, ки падару модарам хостгорони як хонадони сарватмандро пазируфтанд. Домодшаванда байни шаш духтар писари ягонаи аҳли ин хонадон ба шумор мерафт, сарвати онҳо аз фурӯши доруворӣ сарчашма мегирифт. Ин хонавода чанд дорухонаи шахсӣ доштанду ноҳияро бо доруворӣ таъмин мекарданд. Писарашон Парвиз, ки хатмкардаи Донишгоҳи тиббӣ буд, сардори ин тиҷорати оилавӣ буд. Маро низ модари Парвиз дар беморхона дидаву хуш кардааст ва чун тагпурсӣ карда, кӣ будани волидонамро фаҳмидааст, хостгор равон намудааст. Падару модари ман омӯзгорони номии ноҳияамон ба шумор мерафтанд, бародаронам низ донишгоҳро хатм карда, дар соҳаҳои гуногун заҳмат мекашиданд. Янгаҳоям ҳар се шогирдони волидонам ва омӯзгор буданд, хулоса, мо сарватманд ҳам набошем, зиндагии шоиставу иззату обрӯ доштем. Чун хушдоманшавандаам аз ман пурсид, ки рақамҳои телефонатро деҳ, гуфтам ман телефон надорам, дар ҳайрат шуд ва гуфт:

-Наход дар асри бисту як духтар, боз духтур телефон надошта бошад?!

Ба ҷойи ман ҳамкорам холаи Сабзагул посухаш дод, ки як нокияи кӯҳна дошт, вайрон шуд, дигар ду моҳ боз бе телефон мегардад. Чун дидам, ки холаи Сабзагул ба таърифи ман пардохт, аз наздашон дур рафтам…

                                Имтиҳони хоҳаршӯйҳо

Парвиз мехост пеш аз тӯй бо ман вохӯрад, аммо розӣ нашудам, волидонамон маслиҳат карда, дар як моҳ ҳама корашонро сару бар карда, тӯйи моро баргузор намуданд. Тӯйи бошукӯҳи мо дар саҳни ҳавлии қасрмонанди хонадони домод баргузор гашт. Бародаронам барои ман ҷиҳози зебое харидорӣ намуданд, хулоса бо сари баланд ва нияти нек ба хонаи шавҳарам пой мондам. Ман Парвизро дар зери чодар дидам, ҷавонмарди қоматбаланди чашму абрӯсиёҳи дар назар меҳрубон ва аз як нигоҳ ба вай дил додам. Пас аз тӯй шаш хоҳаршӯям, ки ҳар кадоме як ё ду кӯдак дошт, як моҳ дар хонаи мо монданд, то ба қавли худашон маро имтиҳон кунанд. Зиндагии арӯсии ман аз сари оташдон шурӯъ шуд, соати чори субҳ мехестаму дувоздаҳи шаб мехуфтам. Ҳар рӯз маърака доштем, хоҳаршӯйҳоям дугонаву хешу табори шавҳарҳояшонро даъват мекарданд то чӣ ҳунар доштани маро бинанд. Ман шавҳарамро ба зӯр медидам, ҳамин ки ба бистар медаромадам, таппӣ хобам бурда мемонд. Ҳар рӯз се-чор бор хӯрок пӯхтану бар замми ин, самбӯсаю ширинию боз ким-чиҳои дигар тайёр намудан, ба як одам ин қадар кор, болои ин тоза кардани хонаву дару андохтану ғундоштани дастархон, баъзан ростӣ, кор зӯрам меоварду дар ташноб даромада мегиристам. Баъди як моҳ хусурам ба духтарҳояш гуфт, ки имтиҳон тамом, акнун ҳар кас ба хонаи худаш, аммо онҳо маро ба ҳоли худам монданӣ набуданд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД