Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: Интиқом (ҚИСМИ 4,ОХИРАШ)
3985

Рав,муаллимро гўй дарояд, оне,ки хиҷолат кашад, вай нест,манам- ба модараш фармон дод Беҳрўз. Модараш муаллимро овард.М

Ман аз шумову Садаф узр мепурсам. Барои узр пурсидан ва исботи бегуноҳии Садаф ман аз Худованди бузург чанд лаҳза вақт талаб кардам.Дуоям мустаҷо шуд.Кадом бегуноҳии Садаф?-Пурсид муаллим.Қ

   -Садаф дар асл ягон гуноҳ надорад.Ин гуноҳи шумо буд муаллим.

   Кадом гуноҳи ман?Ахмақ.-Ба ғазаб омада хост Беҳрўзро занад, муаллим.

-Ту ҳаёти гул барин духтарамро сўхтӣ, ўро шарманда кардӣ, боз шарм накарда узр мепурсӣ? Садқаи одаму одамгарӣ шавӣ ту ҳайвонсифати одамсурат.Хез,духтарам, рафтем.Ин қадри як қатра ашки туро надорад. Умедворам, ки Худованд аз гуноҳаш нагзарад.Садафро,ки гирёну нолон буд, ба оғўш гирифта, аз утоқ берун шуд. Ба зориву таваллои Беҳрўз аҳамият надода, баромада рафтанд.

Хешу табори Беҳруз, ки дар даҳлез буданд, гиряи Садафро дида ба утоқ даромаданд.

-Чашмони Бехрўз пўшида буд. Вай фақат мегуфт,ки Cадаф ягон гуноҳ надорад.Ман мехостам интиқомамро аз муаллим гирам.Ба Шодӣ пул додам, хона ваъда кардам.Ў ҳам розӣ шуд.

Модари бечорааш сару рўяшро меканд, мегирист,лекин ба писараш чизе гуфта наметавонист.

Садафро ба утокаш бурданд.Ўро исботи бегуноҳияш заррае хушҳол накард. Аз тиреза ба ғурубим офтоб нигарист.Шояд ин ғуруби бетулўи Беҳрўзаш бошад.Бехрўзе, ки бо тамоми хастӣ дўсташ дошта буд,ўро бо бадтарин ҳолат шарманда кард.Садои доду фиғон дар даҳлез баланд шуд. Садои дилхароши хушдоманаш аввал ба гўшаш расид. Садаф дубора ба дидаи гирён ба ғуруби офтоб нигарист.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД