Sebiston new 2024 october
ҚИССАИ ШАБ: БАХТАМРО СӮХТӢ ПАДАР! (ҚИСМИ 2
01.12.2021
ДИЛОШӮБ
3883

Пас аз як ҳафтаи ин суҳбат кампири Нурбибӣ бо хоҳиши ҷиянаш худаш дастархон бардошта хостгорӣ омад. Модари Назокат-Заронгул ӯро хуб қабул карда бошад ҳам, «Сурханбус» боз ба издивоҷи ду ҷавон розӣ нашуд. Барои Заронгул гапи шавҳараш қонун буд, аз ин рӯ кампирро ҷонибдорӣ карда натавонист. Кампир пеш аз рафтанаш гуфт:

-Кори хуб намекунӣ муаллим, духтарро ҳайф мекунӣ!

                                  

Пирдухтар

Пас аз ин воқеа дигар касе Назокатро хостгорӣ наомад. Бо «гуноҳ»-и ӯ хоҳарони ба қадрасидаашро, ки яке омӯзишгоҳи тиббӣ ва дигарӣ омӯзишгоҳи педагогиро хатм намуда, кор мекарданд, харидор намешуд. Хоҳари калонияш Малоҳат бо ҷавоне аҳди муҳаббат дошт, чун аз тарафи ҷавон хостгор омад, падараш боз бо ҳамон «оҳанг»-и қадимӣ ба гап даромада буд, ки ғайричашмдошти ҳама Назокат гуфт:

-Падарҷон, бахти маро сӯхтед, кифоя аст, ба бахти Малоҳат зомин нашавед! Бигзор хонадор шавад…

Падар хашмгин шуда чизе гуфтанӣ буд, ки Назокат гапашро бурид:

-Агар розӣ нашавед, ман аз хона баромада меравам ва ба Малоҳат маслиҳат медиҳам, ки бе ризоияти шумо бо дӯстдоштааш хонадор шавад!

Муаллим исёни духтари боодобашро дида чизе нагуфт ва хоҳаронаш пайи ҳам оила бунёд карда, хушбахт шуданд.

Назокат ҳамроҳи зани додарашу волидонаш зиндагӣ мекард, зеро синнаш аллакай ба чил расида буд. Ӯ тамоми ҳавасҳояшро ба фарзандони хоҳаронаш мекард, барояшон либосу пойафзолҳои қиммат харида медод, зодрӯзҳояшонро ботантана қайд менамуд, онҳоро ба тамошои мавзеҳои таърихии кишвар мебурд… Ғами дили зангорбастаи Назокатро танҳо хандаи беғаши ҷиянҳояш зудуда мекард.

 

Таънаи янга

Падару модараш акнун пир шуда буданд ва янгааш худро хуҷаини мутлақи хона дониста, гоҳ-гоҳ ба Назокат беҳурматӣ мекард. Боре янгааш писарчаашро бераҳмона лату кӯб кард, Назокат кӯдакро аз зери дасти модари золимаш кашида гирифта келинро, ки шогирди собиқаш буд, сарзаниш намуд:

-Э садқаи номи модар шавӣ ту беинсоф, кӯдаки бечораро зада мекушӣ?!

-Кори ту чӣ, мекушамаш, мехӯрамаш, бачаи худам, аввал шӯ ёфта якта зой, баъд ба ман маслиҳат деҳ,-фарёд зад келин.

Назокатро барқ задагӣ барин якбора карахт шуд ва кӯдакро ба замин гузошта рӯяшро бо кафи дастонаш пӯшида ба замин нишаст…

                              

Азми сафар

Рӯзи дигар Назокат ба падару модараш гуфт, ки бо коре ба пойтахт меравад. Падараш кайҳо ба нафақа баромада бошад ҳам, то ҳол дар мактаб дарс медод, Назокат аз ӯ хоҳиш кард, ки то омаданаш дарсҳои ӯро назорат кунад. Аз дағалии янгааш ба касе лаб накушода буд, мақсади сафарашро низ ба падараш нагуфт. Назокат мехост назди дугонааш Гавҳар, ки муаллимаи яке аз донишгоҳҳои бонуфуз буд, рафта ҷойи кор ёбад ва минбаъд дар пойтахт монад. Ҳукми тасодуф буд ё хандаи бахт, ки ӯ дар автобуси Рустам, ки акнун марди хушқомату чорпаҳлӯи зебое буд, нишаст. Рустам дар маркази ноҳия зиндагӣ мекард ва Назокатро дер- дер медид, вале то ҳол ҳамон ишқи поки ҷавонӣ вуҷудашро месӯхт. Вай Назокатро дар курсии наздикии худаш шинонд, то раҳораҳ чақ-чақ кунанд. Дили духтар ҳам пури гап буд, аз ин рӯ аз гап гап баромаду рози дилашро ба Рустам кушод. Мард маслиҳатомез гуфт:

-Ман дар пойтахт як хонаи якҳуҷрагии холӣ дорам. Пештар писарам он ҷо зиндагӣ мекард, вале баъди хатми донишгоҳ вай ба деҳа баргашт. Агар хоҳӣ дар он ҷо зиндагӣ кардан гир...

Назокат, ки ин хел ранг гирифтани корро интизор набуд, саволомез ба Рустам нигариста гуфт:

-Мабодо ҳамсарат фаҳмида қиёматро қоим накунад…

-Аввалан, зани ман лӯлӣ не, одами хуб аст, дуюмаш, вай ҳатто намедонад, ки хонаи зиндагӣ мекардаи писарам хонаи шахсии мо буд,-қотеона ҷавоб дод Рустам.

Ҳамин тавр Назокат ба нею нестони модар ва зориҳои падараш нигоҳ накарда сокини шаҳр шуд. Рустам гоҳ-гоҳ аз аҳволаш хабар мегирифт, вале суҳбаташон дӯстона буд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД