Formula novemver 2024
ҚИССАИ ШАБ: ҶАЗОИ ЗАНДУЗД (ҚИСМИ 2,охираш)
3990

Оташи рашк

Азизаро чунон дӯст медоштам, ки аз рашк дигар ба кор рафтанашро иҷозат надодам. Зиндагиям бо ишқу муҳаббат ва шоҳона мегузашт. Соҳиби мошини шахсӣ ҳам шудам. Саргарми ишқу ҳавас боре ба гӯшаи хотирам ҳам намеомад, ки бе дуои падару модар зистан касеро хушбахт намекунад. Бо гузашти солҳо Азиза бароям як духтару як писари зебо таваллуд кард. Аз зиндагӣ розӣ ва хушбахту мамнун будам, вале… Як бегоҳ аз кор дер баромадам. Ҳама ҷоро пардаи торикӣ фаро гирифта буд. Ба мошин нишастам. Дилам худ аз худ сиёҳӣ оварда, пойҳоям меларзиданд. Ҳис мекардам, ки касе аз пасам таъқиб карда истодааст. Ба кадом самте, ки мошинро мерондам, мошини аз пасам буда ҳамон тараф тоб мехӯрд. Тарс вуҷудамро фаро гирифта, дилам гурс-гурс мезад. Ниҳоят ба кӯчаи торике даромадем. Садои тарақоси мошинро медонаму халос, дигар чизеро дар ёд надорам. Як вақт ба худ омада дидам, ки марди сиёҳпӯши дар сар ниқобкашидае маро аз мошин фароварда кашолакунон ба куҷое бурданист. Бо тамоми қувват муқобилият намудам. Ниқобпӯш ба тахтаи пуштам ду-се лағад зада, гуфт:

-Ба ту кӣ иҷозат дод, ки зани маро аз роҳ бароварда ба занӣ бигирӣ! Ту аз ин ҷо зинда барнамегардӣ. Намегузорам, ки ту, аблаҳ бо ҳамсари ман хушбахт зиндагӣ кунӣ…

«Ана гап дар куҷо будааст. Шавҳари Азиза аз маҳбас озод шудааст» барқсон гузашт аз майнаам. Ҳамин дам мард аз ҷайбаш кордеро бароварда хост рост ба дилам занад. Аз дур намоён шудани чароғҳои мошинеро дида ҷонҳавл ба ҳамон тараф давидам. Хушбахтона мошин зуд ба мо расиду шавҳари Азиза аз тарс ба мошинаш нишаста ғайб зад. Танҳо дар наздам қарор гирифтани мошинро медонаму халос. Вақте ки ба ҳуш омадам, худро дар беморхона дидам. Телефонам беист занг мезад. Бо азобе гӯшакро гирифтам. Азиза дар куҷо буданамро мепурсид. Воқеаро ба ӯ нақл кардам. Дар ҳамон нимашаб ба беморхона омад. Аҳволи маро дида зор-зор мегирист.

 

Ашки талхи маҷрӯҳ

Пойҳоям маҷрӯҳ шуда, баъди аз беморхона ҷавоб шудан дигар кор карда натавонистам. Бо чагас дар рӯи хона базӯр роҳ мегаштам. Фикр мекардам, ки ба Азиза дигар нодаркорам, чунки ба дӯши ӯ бори гарон шуда мондам, вале занам ягон бор норозигӣ баён накардааст ва лаб ба шиква накушод. Ба хотири пардохти пули иҷора маҷбур шудам, ки Азизаро боз дар беморхона ба кор монам. Акнун дарк кардам, ки одамизод бе дуо сабз намешудааст. Касе аз пайвандонам ба аёдатам намеоянд. Мехоҳам аз минбари «Оила» аз волидонам узр пурсам. Маро бубахшед, падарҷон! Хатои дар ҷавонӣ содиркардаам маро якумр аз шириниҳои ҳаёт маҳрум намуд. Маро бубахшед, ки бароятон фарзанди сазовор шуда натавонистам!

Фирдавси маҷрӯҳ

 

Таҳияи Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД