Дар хотирам ҳаст, яке аз устодонамон гуфта буд, ки Арасту доимо аз насли нав шикоят мекард. Вай фикр мекард, ки ояндаи ҷомеа бо чунин ҷавонони бепарво чӣ мешуда бошад, аммо маҳз насли баъдии Арасту ихтироъҳое карданд, ки худи Арасту интизораш набуд.
Воқеан, ҳар насл бо хусусиятҳои хоси худ аз наслҳои пешин фарқ мекунад. Яъне ҳар насл дар асоси талаботи замона шакл мегирад. Пештар китоб ва омӯзиши илмҳои классикӣ муҳимтарин василаи рушди шахсият буданд, аммо имрӯз бо пешрафти технологияҳо ҷавонон бештар ба илмҳои техникӣ, роботсозӣ, барномасозӣ ва забономӯзӣ рӯ меоранд.
Мо ин дам аз рӯзгори Самир Ҷабборови 14-сола қисса мекунем. Ӯ ғолиби чандин олимпиадаву озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ буда, бо ҳамин синну сол ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Самир Ҷабборови 14-сола хонандаи синфи 8-и Гимназияи №1-и шаҳри Истаравшан аст. Ӯ иштирокчӣ ва ғолиби чандин озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Назар ба гуфти ин ҷавони боистеъдод, ӯ аз хурдӣ ба сохтану пайвастани роботҳои гуногун ва дар умум соҳаи барномасозӣ таваҷҷуҳи зиёд дошт.
"Хурд будам, ки пайваста аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ барномаҳои ихтироъкориро тамошо мекардам. Аз он завқ бурда, мехостам ман ҳам ягон чиз эҷод кунам. Бобоям ин шавқи маро дида, барои эҷоду ихтироъ шароит фароҳам меоварданд. Он кас таваҷҷуҳи маро на ҳамчун завқи кӯдакона, балки як мақсади бузургу ҳадафи созанда қабул карданд. Бо кумаку дастгирии он кас дар чандин озмуну олимпиада иштирок кардам. Бобоям Абдусаттор Ҷабборов дандонпизишк буданд. Мутаассифона, он кас имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Вале волидонам пайваста маро дастгирӣ мекунанд",- афзуд қаҳрамони мо.
Самир Ҷабборов дар озмуни "Беҳтарин дастисози аслиҳаи қадима", ки бахшида ба ҳафтаи фании "таърих ва ҳуқуқ" дар Гимназияи №1 баргузор мешавад, сазовори ҷойи аввал мегардад. Ӯ дар озмун гурз, тиру камон, сипар, тӯпи ҷангӣ ва қалъа сохта пешниҳод мекунад.
"Дар озмуни гимназия аслиҳаҳои қадимаро сохта будам. Баъдан дар дигар озмунҳо лоиҳаи биноҳои баландошёнаи шаҳрҳо пешниҳод карда будам. Ҳамзамон, дар "Лагери созандагони фардо" дар ҳамкорӣ бо Олмон иштирок кардаам. Дар шаҳри Душанбе тӯли як ҳафта "Робот ва барномасозӣ"-ро омӯхтам. Ҳоло дар гимназия ба хонандагони гимназия дар ин бора маълумот дода истодаам. Худам роботе сохтаам, ки тавассути компютер, яъне барнома ҳаракат мекунад",- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Назар ба гуфти Самир, ӯ аз хурдӣ ба сохтани техникаву роботҳо шавқ дошт ва аввалин дастоварди ӯ мошинчаи хурде буд, ки бо қисмҳои эҳтиётӣ ва маводҳои дастрас сохта шуда буд. Бо мурури замон, ин ҳавас ба сохтани мошини калон табдил ёфт. Аз ин рӯ, ин ҷавони соҳибистеъдод дар озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" мошини тамғаи "Ломбарҷинӣ", ки тавассути барқ ҳаракат мекунад, сохту ба озмун пешниҳод намуд.
"Мошини сохтаи ман бо неруи барқ кор мекунад. Он шаклан ба "Ломбарҷинӣ" монанд аст. Номашро ҳам чунин гузоштаам. Дар санҷиши аввал он тавонист 40 километр роҳро тай намояд. Гарчанде дар ҷараёни сохтан, махсусан бо кори пайваст кардан (сварка) душворӣ мекашидам, вале тавонистам онро ба анҷом расонам",- нақл кард Самир.
Барои сохтани мошин ӯ аз маводи гуногун, аз ҷумла оҳан, фанер, шпаклёвка ва қисмҳои эҳтиётии мошин истифода бурда, асбобҳое чун "балгарка", "компрессор", амбӯр ва ғайраро истифода бурдааст. Ба гуфти ӯ, дар ин раванд донистани фанҳои физика, нақшакашӣ ва геометрия мусоидат кардаанд.
"Имрӯзҳо донистану аз худ кардани як-ду фан нишони босаводӣ нест. Бояд мо наврасону ҷавонон ҳарчи бештару беҳтар илм омӯзем. Забонҳои хориҷиро аз худ кунем. Ман мехоҳам ҳунари худро боз ҳам такмил диҳам. Агар имконият мебуд, барои одамони маъюб аробачаи барқӣ месохтам. Орзуи ман ин аст, ки дар оянда дар Тоҷикистон соҳаи мошинсозиро ба роҳ монам",- мегӯяд Самир бо ифтихор.
Назар ба гуфти қаҳрамони мо, барои сохтани мошини тамғаи "Ломбарҷинӣ" 5 моҳ вақт ва 20 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.
Самир Ҷабборов дар даври шаҳриву вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" ғолиб омада, ин ихтироъашро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд.
Ихтирооти ин хонандаи ҷавон нишон медиҳанд, ки ҷавонони тоҷик бо завқи эҷодӣ ва меҳнатдӯстӣ метавонанд дастовардҳои бузурге ба даст оранд ва барои баланд бардоштани номи кишвари азизамон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ