Formula novemver 2024
Қиссаи модари бедандон (ҚИСМИ 3)
08.11.2024
АРДАШЕР
1575

Суханони рафиқонамро ба модарам омада боалам гирякунон мегуфтам. Модарам бошад, "одам пир ки шуд, дандонаш мерезад, ҳоло дандони модари рафиқонат ҳам мерезад" гуфта, маро таскин медод.

Ман ҳоло дандони модари онҳо ҳам мерезад гуфта хушҳол будам. Зиндагиямон ҳамин тавр мегузашт. Модарам рӯз аз рӯз пули бештар кор мекард. Шабона дар равшании чароғ тоқӣ медӯхт.

Баъди ду сол ман мактабрав шудам. Модарам ҳамон вақт ҳам барои он ки ман либосҳои пеши бозорро пӯшам, ду дандони дигарашро кандааст, вале ман бар ивази дандони модарам омадани ин ҳамаро намедонистам.

Солҳо гузаштанд, ман ҳам ба воя расидам, шукри Худо корҳоям низ хуб шуданд. Дар ҳамин вақт дандонҳои дигари модарам ҳам афтодааст. Модарам пинҳонӣ аз ман он дандонҳоро низ фурӯхта, барои пур кардани бисоти домодиям сарф кардааст.

Мани калтафаҳм барои аз нав шинонидани дандони модарам ақл накардам. Дар байн модарам бемор шуд ва бо ҳамин ҷон ба ҷонофарин супорид. Аз таги кӯрпааш дар рӯймолча ду дандони тилои дигар пайдо шуд. Ӯ охирин дандони тилояшро низ канда мондааст.

Рӯзе ба дугонаи модарам дандони ӯро бурдам, ӯ гуфт, ки то ин дам модарат ҳама дандонашро ба баҳонаи дардмандӣ мефрурӯхту пули онро ба ту сарф мекард. Баъди шунидани ин дигар ман худро дошта натавониста ҳунггосзанон гиристам. Аз ҳамон рӯз то ҳол ҳар ҳафта сари қабри модарам мераваму дуо карда меоям.

- Э ана ба манзил ҳам расидем. Ягон тараф мошинро нигоҳ дор.

Ҷасур мошинро як тараф дошту ба мӯйсафед нигариста, гуфт:

- Бобоҷон, аз шунидани саргузашти шумо дилу ҷигарам пора шуд. Рост гуфтед, рӯз аз рӯз модари ман ҳам пир мешавад. Ба сараш кайҳост, ки сафеди афтодаасту мӯйҳои ҷидодораш мошу биринҷ шудаанд. Бобоҷон, ман ҳамаашро дарк кардам.

- Бале писарам, ба қадри модарат дар вақти зинда буданаш бирас. Кӯшиш кун модарат аз ту розӣ бошад. Ту як қиссаро шунидаӣ?,- пурсид мӯйсафед.

- Не, кадом қиссаро бобо?

- Дар чиллаи зимистон дили модари бемор қулфинай мекашад. Фарзанд барои хушнудии модар барои ӯ дар давоми ду - се рӯз аз Русия қулфинай меорад. Дидӣ, одамон барои танҳо хушнудии модар чӣ корҳоро анҷом намедиҳанд. Кӯшиш кун ту ҳам модаратро аз худ шоду розӣ гардон.

Дуои модаратро гир. Як каф дуои модар инсонро хушбахту хушҳол месозад. Аз дуои модар бӯйи биҳишт меояд. Модар на танҳо ба худу пайвандони худ, балки барои тамоми башар дуо мекунад. Дуо мекунад, ки дар кураи замин тинҷиву осоиш, сулҳу салоҳ пойдор бошад. Кори фарзанди одам бобарору бобаракат бошад. Дар ҳаққи фарзандаш бошад, шабу рӯз дуо мекунад. Имонам комил аст, ки дуои модари муштипар мақбули даргоҳи ҳақ аст,- мӯйсафед инро гуфту аз мошин фаромад ва бо Ҷасур хайрухуш карда, сӯйи қабри модараш равон шуд.

Ҷасур аз суханони бобои Ҳофиз ба риққат омад. Каме дар мошин нишасту сипас ба мағозаи гулҳо рафта, як даста гули зебо гирифту ба хона омад.

- Модарҷон, ман омадам,- гӯён, аз дар давида даромад.

Модар дастагули зебои писарро дида хушҳолу мамнун шуду дуои неке кард. Ҷасур дастони модарашро мебӯсиду мегиристу ба чашмонаш мемолид.

Ҷасур худ ба худ мегуфт, модар воқеан барои фарзанд омода аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад. Ӯ барои хушнудиву хушбахтии фарзандаш ба ҳама чиз омода аст. Пас фарзанд ҳам ба қадри модар бояд расаду барои хушнудии ӯ кӯшад. "Ба қадри модар бояд дар вақти зинда буданаш расем, дуои покашро гирем. Дуои ӯ дар ҳар ду олам мададгорамон мешавад" мегуфт худ ба худ.

АРДАШЕР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД