Суман бо ҳамроҳии дугонааш барои харидани матоъҳои қиммату зебо ба маркази савдои “Садбарг” рафтанду хеле дер ба хона баргаштанд. Борони шадид идома дошту тамоми нақлиёти мусофирбар пур аз одам буд. Дугонаҳо қариб 3 соат интизорӣ кашиданд, вале ягон нақлиёти камодам наомад.
Соат ба 20.00 наздик шуд, баногаҳ як мошини сабукрави хориҷӣ наздашон қарор гирифту ҷавони чашмкабуди қошпайванд аз тирезаи мошин ба онҳо нигариста, самимона гуфт:
- Хоҳарако, борони сахт аст, марҳамат шинед, шуморо то хонаатон мебарам.
Суман дар аввал ҳаросида, рӯяшро гардонид, аммо дугонаи бебокаш Маҳноз бо табассум гуфт:
-Ака, шумо ба кадом тараф меравед?
-Ман тарафи Саховат.
-Мо дар маҳаллаи Гулбутта бояд фароем.
-Бемалол, шинетон, бурда мемонам.
Духтарон дарҳол ба мошин нишастанд. Ронанда чароғаки дохили мошинро як гирён карду ногаҳ чашмаш ба рухсораҳои арғувониву чашмони бодомии мафтункунандаи Суман фитоду аз нигоҳи аввал ошиқаш шуд.
Акбар роҳ ба роҳ духтаронро саволборон кард. Маҳноз гуфт, ки ин ҳафта тӯйи арӯсии Суман асту онҳо барои харидани куртаи адраси замонавӣ ба мағоза омадаанд. Ҷавон аз ин сухани духтарак ноором шуда, тормози мошинро зер карда, дубора пурсид:
-Суман шумо?
-Бале?
-Дӯст дошта, тӯй шуда истодаед?
-На, бо хоҳиши волидайн,-посух дод духтар.
-Фаҳмо,-садои ҷавон ларзид.
Акбар духтаронро ба маҳаллаи Гулбутта оварду сипас рақами телефони Маҳнозро гирифт. Ҳарду аз мошин фаромаданд. Тамоми фикру хаёли Суман ба Акбар буд. Бори аввал дар умраш ба ҷавоне аз нигоҳи аввал ошиқ шуд, аммо дар пеш тӯйи арӯсӣ дошт. Духтар оҳи сарде кашид.
Маҳноз гуфт:
-Дугона, чаро зиқ шудӣ?
-На, ҳамааш хуб аст, сахт хаста шудам,- дардашро пинҳон кард Суман.
Шабона Акбар ба Маҳноз занг зада, илтимос кард, ки суроғаи хонаводаи Суманро ба ӯ бидиҳад.
-Акаҷон, Суман баъди 3 рӯз тӯй мешавад, шумо мабодо тӯйро вайрон накунед, ки ман ҳам зомин шавам. Охир, чунин амал гуноҳ аст,- мегуфт Маҳноз.
-Илтимос, хоҳарҷон!- азми Акбар қавӣ буд, фикр мекард, ки вохӯрии шабонаи онҳо амри сарнавишт аст. Охир, 8 моҳ боз барои худ арӯси муносиб меҷуст. Инак, бо як нигоҳ ошиқи духтари мавзунқомати бодомчашм гардид. Набояд шонсро аз даст дод, вагарна як умр пушаймон шуда, худро намебахшад.
Беҳуда нест, ки дар ин шаби боронӣ ошиқи шайдои Суман шуд. Ҳар сония ғанимат аст. Мубориза мебараду тӯйро гардонида, Суманро ба занӣ мегирад.
Акбар субҳи солеҳон бо модар рози дил карда, зорӣ намуд, ки ҳамроҳаш ба хонаи волидони Суман раванд. Волидони Акбар ногаҳонӣ ба хонаи Суманино омаданду аз падару модари духтар зориву тавалло карданд, ки тӯйро гардонанд, ҳамаи хароҷотҳои то ин дам ба анҷом расондаи онҳоро ҷуброн хоҳанд кард. Модар Суманро наздаш ба танҳоӣ фарёд карду гуфт:
-Духтарам, дина як бача тасодуфан туро дида, ошиқ шудааст, онҳо ба хостгорӣ омада, зорӣ доранд, ки тӯйро гардонем. Ту ба ин чӣ мегӯӣ?
-Ман..., - Суман аз шарм суп -сурх шуду пеши рӯяш Акбари чашмкабуд омад ва бо аломати ризо сар ҷунбонд.
Хуллас, бо амри сарнавишт тӯйро гардонданду моҳи дигараш тӯйи арӯсиву домодии Акбару Суман баргузор гардид.
Баъд аз як сол дар як шаби боронӣ Суман соҳиби духтарчаи чашмкабуде шуд. Тақдир аҷаб роҳҳо дорад. Дар як сония метавонад зиндагии инсонро дигаргун созад.
Ш. НАҶМИДДИН