Arzon march 2024
Исқоти ҳамл кардан ба одамкушӣ баробар аст?
827

Дар бораи исқоти ҳамл андешаҳо гуногун аст. Яке мегӯяд, ки то чормоҳагӣ дуруст аст, дигарӣ бошад, инро қатъиян рад карда, воҳима мекунад, ки “аборт” кардани тифл ба одамкушӣ баробар аст ва зане, ки кӯдакашро исқоти ҳамл менамояд, ба оташи сӯзони ҷаҳаннам меафтад. Мегуфтед, ки кадоме аз ин андешаҳо дуруст ҳастанд ва дини мубини ислом дар ин масъала чӣ мегӯяд?

МУНИРА, ш. Душанбе

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Исқоти ҳамл фақат дар сурате, ки ба ҳаёти модар хатари ҷиддӣ таҳдид намояд, раво аст. Аз назари ислом ҳатто дар сурати хатари марговар доштани ҳомиладорӣ барои зан, танҳо то чормоҳагӣ исқоти ҳамл намудан иҷозат дода шудаасту халос. Фарзанд намехоста бошед, беҳтараш танаффуси раҳмиро иҷро намоед, то як тифли бегуноҳро кушта, ба хунаш зомин нашавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД