Ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор офатҳои табиӣ хеле зиёд мегарданд. Яке аз хатарноктарин офати табиӣ ин омадани сел ва фармадани тарма аст.
Маъмулан дар айёми баҳорон дар минтақаҳои гуногуни кишварамон бар асари боришоти зиёд ва мадани сел даҳҳо хонаҳо вайрон шуда, ба хоҷагии халқ хисороту зарари зиёде мерасад. Селбороне, ки дирӯз дар Ҳисор борид, боиси марги зиёда аз 100 сар чорвои мардум гаштааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ субҳи имрӯз наворе нашр гардид, ки аз омадани сел хабар медиҳад. Тавре ки муаллифи ин навори видеоӣ мегӯяд, рӯзи 4-уми май дар деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор сел омада, дар натиҷаи ин офати табиӣ 130 сар гӯсфанди сокинони деҳа талаф ёфтааст, вале маълум нест, ки чунин саршумори зиёди гусфандон чӣ гуна талаф ёфтаанд.