Нигоҳ доштани одатҳои солим - дуруст хӯрок хӯрдан, мунтазам машқи бадан кардан, машруботи спиртӣ истеъмол накардан, тамоку накашидан ва нигоҳ доштани вазн метавонад ба одам умри дароз бахшад.
Дар як таҳқиқоти соли 2018 як гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон бо роҳбарии олимони Донишгоҳи Ҳарвард муайян карданд, ки қабули панҷ одатҳои солим метавонад давомнокии умри одамро то 14 сол барои занон ва то 12 сол барои мардон зиёд кунад. Ба ин омилҳо дохил мешаванд: парҳези баданд ва риояи камвазнӣ; тамрини пайваста; вазни солим; накашидани тамоку.
Як таҳқиқи “Bloomberg” ҳам нишон дод, ки тоҷикон назар ба дигар мардуми Осиёи Марказӣ солимтаранд. Дар рӯйхати ин созмон Тоҷикистон миёни панҷ кишвар минтақа дар ҷои аввал қарор дорад. “Bloomberg” мегӯяд, ки дар Тоҷикиистон солҳои охир синни миёнаи аҳолӣ афзоиш ёфта, аз 68,2 ба 72, 5 сол расидааст. Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон ҳоло дар кишвар 108 нафар аст, ки синнашон аз 100 сол боло мебошад.
Салима Сафарова аз зумраи он дарозумронест, ки имсол 117 – сола шуд. Ӯ 1 июли соли 1903 дар деҳаи Кафшдӯзони шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст. Баъди ҳаёти кӯдакию наврасӣ дар хонаи падар ва ноз карданҳо ба модар соли 1918 бо ҳамшаҳрии худаш ҷавони чор кас медидагии серпаҳлӯ Сироҷиддин Имомов оиладор шулдааст. Шавҳари эшон аслан аз Даҳбеди Самарқанд буда, дар Ҳисор кору зиндагӣ менамуд.
Онҳо дар зиндагии якҷоя соҳиби панҷ фарзанд шуданд: се писару ду духтар. Аз онҳо 3 фарзандашон ҳоло нафақахӯр як писару як духтарашон муҳандису китобдори мактабанд. Худи бибӣ маълумоти олӣ надорад ва ба ҷуз оятҳои “Қуръон” – у рубоиву қиссаҳои қадимӣ дигар маълумот надорад.
Шавҳараш - бобои Сироҷиддин соли 1968 вафот кард. Пас аз марги шавҳар бибии Салима дигарбора оиладор нашуда, фарзандҳоро бо кори деҳқонӣ ва замини наздиҳавлигӣ донишҷӯву хонадор намуд ва ҳоло ҳамаашон соҳибмаълумотанд.
Барот Қодирӣ, набераи эшон, нақл мекунад, ки бибиаш ҳанӯз 15 – сола буд, ки шавҳар карда, ба дигар қисмати Ҳисор омад. Аз сабаби оне, ки он замон роҳҳо дур буданд, дидори падару модар дер - дер ба ин духтари ҷавон муяссар мешуд.
Шавҳараш - бобои Сироҷиддин аслан савдогар буда, бибии Салима ба деҳқонӣ машғул буд ва дар колхоз кору фаъолият мекард. Онҳо муштарак фаъолият карда, аробаи сахту душвори зиндагиро мекашиданд. Айн ҳол, ин бибии хушбахт 31 набераву 54 абера дорад.
Бино ба қавли Барот вақте кандани канали калони Ҳисорро сар мекунанд, тамоми колхозчиёнро тариқи ҳашар ба ин сохтмони бузург сафарбар месозанд. “Бибии ман ҳам мисли дигарон ба ин сохтмони бузурги вақт рафта, дар он кор кардагӣ”,- мегӯяд Барот.
Барот ҳам дар оғӯши ин бибии хушбахт ба воя расидааст. Ӯ мактаби миёнаро бо медали нуқра хатм намуда, дар солҳои мактабхонӣ дорандаи стипендияи ноҳиявӣ ва президентӣ буд. Пас аз хатми мактаб ба Донишгоҳи сохтмонии Москав ба таври буҷҷавӣ дохил шуда, онро бо дипломи аъло ва сари баланд хатм намуд.
Бародарони ӯ ҳам ҳамагӣ соҳиби маълумоти олиянд. Ҳарду бародари бузургаш дастовардҳои хуби илмӣ доранд. Яктояш дорандаи медали тилло дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика буда, дигаре дорандаи медали нуқра аз фанни физика аст ва мактабро бо медали нуқра хатм намудааст. Ҳардуи онҳо ҳам чун Барот Донишгоҳҳои Москавро тамом кардаанд.
Қаблан, куҳансолтарин зан дар кишвар Фотима Мирзоқулова, зодаи ноҳия Ашт буд, ки моҳи январи соли равон дар синни 127 - солагӣ фавтид. Фотима Мирзуқолава на танҳо кӯҳансолтарин фарди Тоҷикистон, балки дарозумртарин шахси дунё ба ҳисоб мерафт.
Аз идора: Хонандаи азиз, айни ҳол бибии дарозумри мо дар шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунанд. Бисёр мехостем, ки бо он кас аз наздик ҳамсуҳбат шуда, асрори хушбахтиву дарозумрияшонро аз худашон фаҳмида гирем, аммо бо сабаби хуруҷи коронавирус ин имкониятро ба даст наовардем. Вале ваъда медиҳем, ки бо беҳтар шудан вазъ ҳатман ба дидору аёдати бибии Салимаи 117 – сола рафта, ҳамроҳашон мусоҳиба мегузаронем ва фишурдаи онро дар сомона ва ҳафтаномаи дӯстдоштаатон - “Оила” нашр мекунем.