arzon replenishment
Исмоили Маҳмадзоир Махачевро ба Душанбе даъват кард
919

Ислом Махачев, варзишгари маъруфи доғистонӣ бо даъвати Исмоили Маҳмадзоир, Президенти Федератсияи ҷудои кишвар дирӯз ба Душанбе омад. Дар ин бора чанд манбаи огоҳ ба “Оила” хабар доданд.

Имрӯз, 2 июн, рӯзи аввали мусобиқаи Гран-прии Душанбе – 2023, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад, оғоз мегардад. Қарор аст Ислом Махачев ҳамроҳ бо Исмоили Маҳмадзоир дар расми ифтитоҳи он ширкат кунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиён дар вазнҳои то 60 ва 66 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, 52 кг ва 57 кг миёни занон қувваозмоӣ менамоянд.

Ислом Махачев варзишгари маъруфи муҳорибаи омехта аст, ки таҳти сарпарастии UFC дар вазни сабук баромад мекунад. Ӯ қаҳрамони феълии UFC дар вазни сабук, қаҳрамони дукаратаи Русия оид ба самбои ҷангӣ (2014, 2016) ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбои ҷангӣ (2016) мебошад. Махачев дар байни беҳтарин муборизони рейтинги расмии UFC зинаи 3-юмро ишғол мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД