Sebiston new 2024 october
ИСЛОМҶОН БАРОИ ЗАНОНИ ТОҶИК ГАҲВОРАИ АЛЛАГӮЯК СОХТУ...
2861


Исломҷон Ҷалилов ҳамагӣ 16 сол дорад, вале дар озмунҳои зиёди ихтироъкорон иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст. Аробачаи маъюбӣ, асбоби шамолдиҳӣ, роботи забондон ва гаҳворае, ки кори занони тоҷикро сабук месозад, аз зумраи ихрооти ин навраси тоҷик мебошад.

Исломҷон дар синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами № 2-и шаҳри Кӯлоб таҳсил мекунад. Ин ҷавони зирак ва боҳуш ихтирокориҳои худро аз қоғазпораҳо шурӯъ карда буд, вале айни замон офаридаҳои ӯ ҳаракат мекунанд. Ин бачаи 16-сола гаҳвораи барқие сохтааст, ки натанҳо кӯдакро меҷунбонад, балки ба ҷойи модар алла ҳам мегӯяд.

Писараки ихтирокор мегӯяд, аксари занони тоҷик, хоса онҳое, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, бисёр серкору серташвиш ҳастанд, аз ҳамин хотир бо ихтироъ кардани ин гаҳвораи замонавии аллагӯй ӯ мехоҳад мушкили модаронро осон намояд.

Ба ғайр аз гаҳвора, ин бачаи хушзеҳн ҳамчунин роботе сохтааст, ки бо се забон гап мезанад.
Аксаран роҳгузарон пӯсти офтобпараст, зарфҳои холишудаи об, коғазпора ва дигар партовҳоро дар қади роҳу рӯйи роҳ партофта мераванд, аз ҳамин хотир Исломҷон мехоҳад роботи ихтирокардаи ӯ дар гулгашту хиёбонҳо гузошта шавад, то ки одамон партовҳоро дар сари роҳ неву ба ҳамин робот-қуттиҳои сухангӯй партоянд. Робот ба шахсе, ки партовро ба дарунаш меандзад, бо се забон ташаккур мегӯяд ва ихтирокори ҷавон боварӣ дорад, ки ҳамин хислати аҷибаш диққати мардумро ба худ ҷалб хоҳад кард.

Роботи сухангӯй ва гаҳвораи барқӣ аввалин ихтирооти бачаҳои тоҷик нест, қаблан як наврас ҳавопаймои бесарнишин сохта, изҳор намуда буд, ки онро махсус барои таъмини амният дар марз офаридааст.
(Мавод дар такя ба Спутник таҳия шудааст)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД