Корбарони зиёди сомона ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсон шуданд, ки оё задани зан дар ислом иҷозат аст ва дар ин маврид чӣ оят ё ҳадисе мавҷуд мебошад?
Мушоҳида мешавад, ки вақтҳои охир мавридҳои латукӯби ҳамсарон, хоҳарон, модарон ва дар маҷмӯъ, зан афзуда, ҳатто навори онҳо ба интернет низ роҳ ёфтаанд.
Дар китоби муқаддаси “Қуръон” ояте ҳаст, ки аз тарбияи зан аз ҷониби шавҳар мегӯяд. Мо тафсири онро аз Шӯрои уламои кишвар пурсидем.
Ба зикри масъули ин ниҳод, оилаҳои ҷавон имрӯз ё сахт асабонианд, ё мушкилии зиёд доранд. Аз ин лиҳоз ба Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила муроҷиатҳо ҷиҳати ҷой доштани хушунат дар хонавода зиёд мешаванд.
Ҳамсуҳбати мо бе зикри ном гуфт, дар бештари ҳолатҳо муроҷиаткунандагон занон мебошанд. Ӯ гуфт, дар дини ислом барои зану шавҳар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайян ҷорӣ шудааст, ки он аз китоби муқаддас сарчашма мегирад.
“Сухан дар бораи яке аз оятҳои сураи Нисо меравад. Аслан, мафҳуми оят дар бораи иҷозти “задан” ё “зӯроварӣ” набуда, балки тарбияест, ки мард метавонад занро кунад. Маънии сура чунин аст, ки “агар шумо тарсед, ки зан аз амри шумо саркашӣ мекунанд ё дар сари шумо зӯрӣ мекунад, метавонед, нахуст насиҳат кунед, сипас ҷогахобатонро иваз кунед ва агар ин ҳам нашуд, сипас занед”, - тавзеҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Мавсуф гуфт, уламо ин сураро ду навъ тафсир мекунанд. Дар тафсири дигар калимаи охирон на ба маънои “задан”, балки “сухан накардан” низ меояд. Агар тафсири аввал, “задан” кор бурда шавад ҳам, мурод аз он зӯроварӣ нисбати занон нест.
“Худованд мефармояд, ки ҳар касе ки аз рӯи зулм мезанад, дар рӯзи қиёмат аз вай гирифта мешавад. Барои ҳамин зӯроварӣ нисбати аъзои оила, махсусан занон, ки нисбат ба мардон заифанд, мумкин нест”, - таъкид кард вай.