Sebiston new 2024 october
Иштироки Зоҳидӣ дар нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» дар Кирмоншоҳ
30.09.2024
ОИЛА.ТҶ
262

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар шаҳри Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» иштирок кардааст.

Тавре «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар медиҳад, зимни суханронӣ Низомиддин Зоҳидӣ мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро дар таърихи ақвоми ориёӣ таъкид намуда, онро “донишномаи таърих, адабиёт, хираду ҳикмат ва фарҳангу тамаддуни ниёгон” номидааст, ки бо нубуғи адабӣ ва табъи яздонии Фирдавсӣ ба риштаи назм кашида шуд ва ба унвони шоҳкори адабиёти тоҷик ва намунаи олии суханварӣ эътироф гардид.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зарурати шинохти «Шоҳнома»-ро барои тақвияти худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихии ақвоми ориёӣ таъкид намуда, аз ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҳамасолаи “Шоҳномахонӣ” дар Тоҷикистон ва нақши ин ибтикор дар шинохти шоҳкори Фирдавсӣ ёдовар шудааст.

Иштирокчиёни ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ хабари ибтикори дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нашри «Шоҳнома» ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷикистониро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намудаанд.

Дар ҷашнвораи Кирмоншоҳ дар баробари шоҳномахонҳои синни мухталиф аз кишварҳои гуногун 5 шоҳномахони ҷавон аз Тоҷикистон низ ба таври маҷозӣ иштирок намудаанд. Яке аз онҳо - Муқаддас Маҳкамзода дар номинаи “шоҳномахони ҷавони хориҷӣ” аз ҷониби ҳайати доварон ғолиб дониста шуда, сазовари ҷоизаи ҷашнвора гардидааст.

Қарор шудааст, ки ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ минбаъд ҳамасола бо иштироки шоҳномахонон аз кишварҳои минтақа баргузор гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД