Дар шаҳри Будапешт Олимпиадаи 45-уми ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот ифтитоҳ гардидаву идома дорад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, барои иштирок дар Олимпиадаи 45-уми шоҳмотбозони ФИДЕ шумораи рекордии дастаҳо - 197 нафар дар чемпионати кушод (мардон) ва 184 даста дар байни занон номнавис шудаанд.
Дар мусобиқаи мазкур шоҳмотбозони тоҷик низ иштирок доранд. Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон 10 нафар - Антонова Надежда, Саидова Рухшона, Толибова Дилола, Масҳабова Шукрона, Одинаева Саодат, Ҳусейнхоҷаев Мустафохӯҷа, Каримов Алишер, Илҳомӣ Ҷалолиддин, Қобилов Аминҷон, Оймаҳмадов Сулаймонро бо роҳнамонии Исоев Ҷамшед ва Ватанов Хуршед ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ сафарбар намудааст.
Дар даври 2-юми Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба шоҳмот миёни мардон шоҳмотбозони тоҷик ба дастаи Латвия мусовӣ 2:2 ва миёни бонувон аз Хорватия 1:3 мағлуб шуданд.
Имрӯз, 13-уми сентябр, дар даври 3-юм дастаи мардонаи Тоҷикистон бо дастаи Сингапур ва дастаи бонувонамон бо дастаи Чехия вомехӯрад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2022 дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон Олимпиадаи 44-уми шоҳмот баргузор гардида буд.