Дирӯз, тахминан соати 17:10 дақиқа дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво дар деҳаи Зугванди ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим сатҳи оби дарëчаи кӯҳии деҳаи мазкур баланд гардида, маҷрои об самташро тағйир дода, ба ҳудуди деҳа ворид шуд, ки дар пайи он селравӣ ба вуҷуд омад.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин селравӣ ба хоҷагиҳои сокинони маҳал ва роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Ишкошим-Лангар-Харгӯш-Мурғоб хисороти моддӣ ворид гардида, хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
“Даҳ дақиқа баъд аз ба вуқуъ омадани ҳодисаи мазкур раиси ноҳияи Ишкошим Иматшозода Анвар Иматшо бо ҳамроҳии муовинонаш ва комиссияи кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ишкошим ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид. Рӯзи 5-уми август раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер бо ҳамроҳонаш ба ҷойи ҳодиса сафар намуданд",- гуфт КҲФ.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи омадани сел наздик ба 50 хонавода зери хатар қарор гирифта, роҳи автомобилгард шуста шудааст.