Arzon march 2024
ИШҚИ ЗАРХАРИДИ ДУХТАРИ ПАНҶӢ(ҚИСМИ 3)
6090

 

ИДОМААШ...

Ҳар моҳ додани фоизи баланди қарзҳои барои Сай аз тоҷирони бозор гирифтаам барои ман душворӣ мекард, барои ҳамин қарор додам, ки ҳарчи бодо бод, ба наздаш рафта пули қарзро гирифта бар мегардам. Медонистам, ки падару модарам дар ду дунё иҷозат намедиҳанд, ки ман ба назди марди зандор равам, апаамро ба гап дароварда розӣ кунондам, ки ба падару модарам «хоҳарам як-ду ҳафта дар хонаи ман истода ба корҳоям ёрӣ расонад» бигӯяд ва аз аҳли оилаамон пинҳонӣ билет харида ба Русия ба суроғи ёр рафтам.

Бозгашт бо кисаи холӣ
Вақте аз фурудгоҳ ба Сай занг задам, бовараш наомад, ки ба хотири ӯ ман ҳамин қадар роҳи дарозро тай намуда ба Русия омадаам. Ошиқам маро бо муҳаббат пешвоз гирифта ба иҷорахонааш бурд. Дар Маскав ҳамагӣ шаш рӯз истода ба Тоҷикистон баргаштам. Сай на пули билетро дод, на пули қарзи мардумро, баҳона пеш овард, ки ба дасти милиса афтидаасту тамоми пулҳои дар дасташ бударо дода, базӯр ҷонашро халос кардааст. Рӯзи маро ба Ватан гусел намудан ваъда дод, ки кор карда, тамоми пулҳои қарз гирифтаашро мефиристад, вале…

Кушоиши бахт
Баъди ду рӯзи аз Маскав баргаштанам ба хонаамон хостгор омад ва ба гиряву нолаи ман нигоҳ накарда волидонам розигӣ доданд, чунки синну солам аллакай ба ҷое расида, тамоми ҳамсинфонам кайҳо соҳиби шавҳару фарзанд гашта буданд. Ба Сай занг задам ва ҳодисаро нақл карда гуфтам, ки ақаллан ҳазор доллар пул фирист, ман ба падарам мегӯям, ки фотиҳаро гардонда, ба мардум ошу нон диҳад, то фаҳманд, ки ману ту тӯй шудем, баъд худам ба наздат меравам, вале ба гапам бовар накарда гуфт, ки ту барои пули қарзатро гирифтан ин афсонаро баровардӣ. Дили апаам ба ҳоли ман сӯхта худаш бо Сай суҳбат кард, вале бовар кунондани ҷавон ба он ки маро дар ҳақиқат ба шавҳар дода истодаанд, ба ӯ низ муяссар нагашт.

Пушаймонӣ надорад суд
Рӯзи тӯй пеш аз омадани домод ба Сай занг зада, хайрухуш кардам ва гуфтам, ки чанд дақиқа пас маро ба хонаи шавҳарам мебаранд. Суханони маро бовар накарда, вай як ҷӯраашро мефиристад, то ба хонаамон рафта бинад, ки чӣ гап аст. Вақте ки маро ба мошин савор мекарданд, ҷӯрааш дар дами дарвоза пайдо шуд. Баъдтар фаҳмидам, ки дӯсташ ба Сай занг зада, хабари дар ҳақиқат шавҳар кардани маро расонидаасту вай аз карда пушаймон шуда, пушти дасташро ба дандон газидааст, вале дигар суде набуд...

Меҳри яке ба дил ҷо, сар дар канори дигар
Шавҳарам мард боақл аст, вале аз чӣ бошад, ки ягон бор ҳамчун мард маро навозишу меҳрубонӣ намекунад. Дар канори ин марди дилсард хуфта, меҳрубониҳои Сайро ба ёд меораму дили зорам хун мегиряд. Мо аллакай соҳиби ду духтарчаи нозанин гаштаем, аммо дар тӯли ҳамин қадар вақт натавонистам меҳри Сайро аз дилам берун созам. Сару пайкарам дар канори шавҳарам бошад ҳам, дилам, ҳушам, ёдам, ҳаёлам, тамоми ҳастиам бо Сай аст. Ин марди зандор бо навозишҳои ширинаш маро ончунон асири доми ишқи худ гардондааст, ки ҳатто як лаҳза ҳам аз хаёлаш фориғ нестам. Ба назарам на духтаронам метобад, на падару модар ва на шавҳарам, мехоҳам кабӯтар шуда ба сӯйи Сай парвоз кунам ва сари носудаамро рӯйи бозувонаш гузошта осоям. Медонам, ки хонандагони «Оила» баъди хондани ин сатрҳо албатта маро маломат хоҳанд кард, ки зани шавҳардор шарм надошта дар бораи ишқи аввалаш дар газета навиштааст, вале чӣ кунам, ки ман ба фармони дилам, на дил ба фармони ман аст. “Болои сӯхта намакоб” гуфтагӣ барин, муносибати хушдоманам бо ман хуб нест, баҳудаю беҳуда ба ҳар кору борам эрод гирифта мегӯяд: «Пирдухтари ношуд, касе талабгорат набуд, шукри Худо гӯй, ки бачаи содаи ман туро ба занӣ гирифта, ба қатори одамон дароварду соҳиби хонаю дар кард». Баъзан худамро дошта натавониста ба Сай занг мезанам ва дарди дил мекунам. Чанд бор гуфт, ки аз шавҳарат ҷудо шав, ман туро ба занӣ гирифта, духтарчаҳоятро мисли фарзанди худам калон мекунам, вале модарам «ҳеҷ кас ҷойи падари худашро гирифта наметавонад, фикри фарзандатро кун, духтар» гӯён, монеъ гашта, ҳар дафъаи қаҳр карда ба хонаамон рафтан маро дубора ба хонаи шавҳарам оварда мемонд. Барқасди ман Сай духтаракеро ба никоҳаш даровардааст. Зани дуюм гирифтанашро шунида аввал бовар накардам, вале пас аз он ки зани якумаш ин хабарро тасдиқ намуд, дар дилам оташ афтид. Аҷибаш он аст, ки нисбати шавҳари худам ягон зарра рашк надорам, як сол ӯро набинам ҳам, парво намекунам, ки дар куҷо ва бо кист, аммо зангирии Сай маро бе корд кушт. Аз рашк мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта рӯз то рӯз хокистар шуда истодаам. Чанд маротиба ба ӯ занг зада ҷанҷол кардам, ки чаро зани дуюм гирифтӣ. Оҳи сард кашида мегӯяд, ки касе ҷойи туро гирифта наметавонад, вале чанд бор пешниҳоди хонадоршавӣ карда бошам ҳам, рад намудӣ, ночор зан гирифтам. Чандин маротиба қасам хӯрдам, тавба кардам, ки дигар бо ӯ гап намезанам, вале ба қавлам вафо карда натавонистам. Дили ошиқи зорам Сай гӯён девонавор худро ба қафаси сина мезанаду маро маҷбур месозад, ки боз ба ин марди дузана занг зада, ором бигирам. Ҳафт сол шуд, ки бо ин ишқи ҷонгудоз мубориза мебарам, вале натавонистам ин оташи сӯзонро дар танӯри синаам хомӯш намоям. Номи Сайро шунавам, мисли Лайлӣ девона мешавам. Ҷонам аз сӯзи фироқ ба лабам расидааст, мехоҳам даст ба худкушӣ зада, ба ин ишқи беҳосил нуқта гузорам ва розҳои диламро бо худ ба зери хок барам. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Зарина, аз ноҳияи Панҷ,

ДАВОМАШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД