Ман модарам. Як модари дар ҳасрати писар сӯхта. Шавҳари меҳрубонам ҳангоми шашсола будани писарам субҳе ба кор рафту дигар наомад. Бегоҳӣ ҷасадашро оварданд. Мардакам зери чархи мошини бадмасте монда, ҳатто оҳ нагуфта, ҷон додааст. Дар бисотам як писар дорам гуфта, баъди марди ҳамсарам дигар шавҳар накардам. Тамоми ҳастиамро барои ӯ бахшида, бо сад азоб писари ягонаамро калон кардам, вале ...
Писарам аз имтиҳони дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ афтиду зиқ шуда, роҳи Русияро пеш гирифт. Дар он ҷо ба як зани руси кӯдакдор ошиқ шудаасту намехоҳад ба Ватан баргардад. Сахт бароям алам мекунад, ки ман барои ӯ ҷавониамро нисор кардам, то дар дами пирӣ писару келину набераҳоям маро нигоҳубин кунанд, вале фарзандам заррае парвои маро надорад.
Дар як моҳ як бор занг зада, пул мефиристаду бо ҳамин қарзи фарзандиашро адошуда ҳисоб карда, дигар намепурсад, ки модараш зинда аст ё мурда. Аслан ба ман пулаш даркор нест, ягона хоҳишам ҳамин аст, ки ба Ватан баргардаду оиладор шавад, чодару чамани домодиро бубинад. Бо садои ёр-ёр ба хонаам келин биёрад.
Орзуи ягонаи модари танҳо ҳамин аст. Хонандагони азиз, писарамро чӣ гуна баргардонам?
М. н. Айнӣ