Formula novemver 2024
Ишқи зани калонсол Қисми 1
1974

 Ишқи зани калонсол

Ҳафтавори «Оила»-ро аз рӯзҳои аввали нашраш мехонам, он вақтҳо ман донишҷӯи курси аввал будам ва дар хонаи амакам мезистам. Зани амакам муаллимаи донишгоҳ ва мухлиси ашаддии «Оила» буданд, ман ҳам ҳафтаворро мехондаму баъд ҳамроҳи янгаам муҳокима мекардем.

Ман баъзе қиссаҳоро бофтаи хаёли муаллиф медонистам, вале янгаам мегуфтанд, ки дар зиндагӣ корҳое мешаванд, ки дар навиштанаш қалам оҷиз аст. То ҳол ин анъана давом дорад, мешавад гоҳе ҳафтаворро фаромӯш мекунам, ки бихарам ва сар мезанам ба сомонаи «Оила». Чанде пеш дар он ҷо қиссаеро хондам бо номи ба «Ба зани 15 сол аз худам калон ошиқ шудам». Ана ҳамин қисса ва зершарҳҳои хонандагон маро маҷбур намуданд, ки қиссаи зиндагии хешро рӯйи коѓаз биёрам. Аксарият ба он мардҳое, ки ба занҳои аз худашон калон издивоҷ мекунанд, назари нек надоранд, онҳоро алфонс, тайёрахӯр, ҳатто бемории равонӣ меноманд, аммо ҳаргиз ин тавр нест…

                           Ишқи аввал-ѓурраи сармозада

Айёми мактабхонӣ ба ҳамсинфам Замира ошиқ шудам, ӯ духтараки пастқомати зардинаи серҷоѓе буд, аммо дар назари ман маликаи мактаб метофт. Беҳуда нагуфтаанд, ки Лайлиро ба чашми Маҷнун бинед, Замира низ нигоҳҳои ташнаи маро бо табассумҳои ширинаш об медоду диламро зиёдтар тасхир мекард. Оҳиста-оҳиста мо бо ҳам вомехӯрдем. Маҷнунбеди лаби дарё шоҳиди вохӯриҳои шабонаи мо буданд. Замира як одати бад дошт, ки худашро соҳиби ман ва маро моли шахсии худаш пиндошта, агар бинад, ки ман бо духтари дигар ҳамту гап мезанам ё шӯхӣ мекунамон, духтарро ба ҷанг даъват мекард, ё рӯканию мӯканӣ ташкил менамуд. Баъди хатми мактаб ман ба донишгоҳ дохил шудаму Замира дар деҳа интизори ман монд, ростӣ дуриҳо фикри маро дар бораи дӯстдоштаам дигар кард. Бо он гумону шубҳаву рашку итобе, ки вай дошт, зиндагӣ кардан ѓайриимкон буд. Зеро ҳар гоҳе ба деҳа равам, вохӯриҳои мо бо ҷангу ҷанҷол оѓоз меёфту ба охир мерасид, ман ҷавони духтарбоз набудам, ҳарчанд аз чизе камӣ надоштам. Аммо инро ба кӣ мегӯӣ? Замира умуман ба гапи ман гӯш намекард, оқибат ман ба ӯ гуфтам, ки роҳи худро биёбад, зеро ман бо ӯ хонадор намешавам. Аммо рӯзи дигар падару модари ӯ ба хонаамон омада, ба волидонам гуфтаанд, ки писари шумо духтари моро бадном карда, миёнаи роҳ карданист. Модарам маро хеле сарзаниш карданд, ки наход аз байни ҳамин қадар духтарони зебои деҳа ҳамон «мурдаи шавмонда»-ро хуш карда бошам. Аммо падарам рӯзи дигар ба хонаи онҳо хостгорӣ рафту баъди як моҳ тӯйи мо баргузор гашт. Ман донишгоҳро хатм кардам, дар маркази вилоят ба кор даромадам, аммо занамро, ки мехост ҳамроҳам ба шаҳр биёяд наовардам, ҳар вақте холӣ шавам, рафта меомадам. Замира ба тақдир тан дода, хизмати падару модарамро карда мегашт. Кори ман ҳам он қадар сердаромад набуд, ба зӯр ба иҷорапулӣ ва хӯрду хӯрокам мерасид. Зану писару духтарамро волидонам нигоҳубин мекарданд ва маро тасалло медоданд, ки рӯзе ҳамааш хуб мешавад.

Мусибат

Дар ин миён занам ба бемории дил гирифтор шуд, ду бор ҷароҳияш карданд. Дурӣ аз ман бемораш кардааст, гӯён ба ноҳия баргаштам, ҳамеша паҳлӯи ҳамсари беморам будам, то метавонистам дастгирияш кардам, вале ӯ оламро падруд гуфт. Се апаам кайҳо шавҳар карда, хонаи падариро тарк намуда буданд. Додарам зан гирифта, хонаашро баъди як сол ҷудо кард, дар манзили падарӣ волидонам монданду ду фарзанди ман....

ххххххх

Ман дар пойтахт кор ёфта омадам, се сол на ёди зан кардаму на ба нигоҳи меҳрбори бонувон ҷавобе додам. Худамро назди рӯҳи Замира гунаҳгор эҳсос мекардам, зеро умраш бо умеди рӯзи неку ҳиҷрони ман гузашт. Падару модарам ҳамеша мегуфтанд, ки зани хубе ёфта, хонадор шавам, аммо онеро, ки дилам мехост, намеёфтам…

Як рӯз баъди кор хостам пиёда то иҷорахонаам равам, бегоҳи баҳорон буд. Мардум серташвиш ба ҳар сӯ шитоб доштанд, миёни ин мардуми серташвиш, чашмам ба зане афтод, ки ниҳоят дилкаш буд. Қоматаш баланд, мӯйҳои сип-сиёҳи ғулияш парешон, худаш андешаманд оҳиста-оҳиста мерафт. Ӯро дарёб кардаму ба қавле гап додам, “қомат ҳам ин қадар зебо мешудааст а?” Ӯ ҳайрон ба ман нигариста ,бо ханда гуфт:

-Агар ин гапро ягон пакана мегуфт, хайр буд, қади худат дар айнаки осмону...

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД