Салом «Оила»-и азизу розшунав. Умедворам дар ҳалли мушкилам кӯмакам мекунӣ.
Ман чавонеро хеле сахту самимї дӯст медорам. Орзуи бо вай издивоҷ карданро дорам, вале ҷавон нисбати ман беаҳамият аст. Дар як хафта як-ду маротиба таммос мегираду халос. Аксар вакт ба зангҳоям ҷавоб намедиҳад. Дар баробари ин, бо духтарони бегона диданаш сабру қарорамро мерабояд. Аз рашк дарун ба дарну сӯхта обу адо мешавам. Корам ашк рехтану нолидан гаштааст. Хоб аз чашму ором аз дилам рабудааст ин ишқи беҷавоб.
Эҳсос мекунам, ки ҷавон дӯстам намедорад, вале ман аз ӯ дил канда наметавонам. Илтимос ба ман маслихат дихед, чи кор кунам? Сӯҳбатхоямро бо ошики бепарвоям ро идома диҳам ё ба ишқам хотима бахшам? Умуман, ишқи яктарафа занро хушбахт мекунад?
Адиба, сокини шаҳри Душанбе.