arzon replenishment
Ишқи тақдирсўзи «модел» (ҚИСМИ 1)
2532

Соҳиб ҷомадон дар даст сўйи хонааш мешитофт, сўйи хонае, ки ду сол пеш таркаш карда буд. Ба он хотир тарк карда буд, ки занаш бар асари зиндагии хонаводагӣ ва тарбияи ду фарзандаш фарбеҳ шуда буду ба худаш аҳмият намедод.

Шумо гумон накунед, ки Соҳиб дар шаҳрҳои тараққикардаи Аврупо ба дунё омадаасту ҳамеша дасти ба даст бо духтарони мурчамиёни нозукандом ба воя расидааст. Ӯ ҳамагӣ як мардикори тоҷик дар Русия буд, ки кораш омад карда, бўйи пулро шамида, аз худ бе худ шуда буд…

Соҳибу Наҷиба дар яке аз ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон таваллуд шуда, ба воя расида буданд. Наҷиба омўзишгоҳи тиббиро хатм карда, духтараки навданиҳоли нозанину дикаш буд. Соҳиб бошад, мактабро хатм карда, ба мардикорӣ рафту он ҷо бо корфармои хубе вохўрд. Баъди шаҳрванди Русия шудан, тиҷорати худро кушода, ду мағозаи пойафзолфурўшӣ дошт. Синнаш ба бисту ҳашт расиду волидонаш аз тарси он, ки писарашон бо русдухтаре хонадор нашавад, ўро ба ватан хонданду гуфтанд, ки бояд зан гирӣ. Модараш келинҳои таги чашм кардаашро як-як ба писараш нишон доду ҳамин Наҷиба ба вай сахт писанд омад. Духтар қомати баланд, андоми базеб, чашмони кабуди обӣ ва мӯйи зарди бо қадаш баробар дошт. Аммо мушкил дар он буд, ки Наҷиба даҳ сол аз Соҳиб хурд буду омўзишгоҳи тиббиро хатм накарда буд. Падари духтар аз дўстони хуби падари Соҳиб бошад ҳам, гуфт, ки то духтараш диплом нагирад, ўро ба шавҳар намедиҳад. Соҳиби ҳавои даҳан, “дипломи омўзишгоҳи тиббии вай ба кӣ даркор?! Ман худам ўро садфоиза таъмн мекунам” гуфт, аммо падари духтар дар гапаш истод. Соҳибу Наҷибаро фотеҳа карданд ва ҷавон боз баргашта, ба Русия рафт. Танҳо баъди як солу шаш моҳ тўйи онҳо баргузор гашту Соҳиб арўси нозанинашро гирифта, ба Маскав парвоз кард. Хонаи якҳуҷрагии онҳо дар як гўшаяки Маскави бузург воқеъ буд, ки акнун ба ишқхона мубаддал шуд. Наҷибаи бо дасту панҷа хонаро чунон мувофиқи завқи худаш оро дод, ки ногуфтанӣ. Соҳиб занашро аз ҷони ширинаш зиёдтар дўст медошт ва намегузошт, ки аз ягон ҷиҳат азоб кашад. Пули ёфтаашро оварда, ба дасти занаш медод, онҳо мехостанд хонаи калонтаре харанду бо фарзандони ояндаашон он ҷо хурсандона умр ба сар баранд.

Наҷиба пайи ҳам як духтару як писар таваллуд карда, сари шавҳарашро ба осмон расонид, аммо тарбияи ду фарзанди хурдсол, ки аз ҳам як солӣ фарқ доштанду мисли дугоник буданд, дар ин мулки ғарибӣ сахт душвор буд. Нозанини тилломўй баъди таваллуди фарзандон фарбеҳ шуду номаш дар даҳони шавҳари зебопараст, барзагов буд. Аввалҳо аз чунин дағалии шавҳар қаҳраш меомаду мегирист, баъдҳо ба ин ном одат кард, акнун Соҳиб бе ғазаб ҳам «ҳуй барзагов, косаро биёр», «барзагов, кўдака гир» гӯён, ўро ҷеғ мезад. Наҷиба мисли дигар занони тоҷик, ки аксаран хушунати хонаводагиро пинҳон медоранд, чизе намегуфт, вале шавҳараш ба дигар корҳо сар кард. Акнун шабҳо ба хона намеомад ё биёяд ҳам, хеле дер, ҳафтаҳо ғайб мезад, ба хона ғайри каме хўрока чизе намеовард. Наҷиба зиндагиро бо он пуле пеш мебурд, ки давлат барои кўдакон медод. Як рўзи дигар Соҳиб эълон кард, ки зани дигарро дўст медорад ва назди ў меравад. Вақте Наҷиба ҷангу ҷанҷол бардошт, Соҳиб бо нафрат ба ў нигариста гуфт:

- Як ба афтат нигар, барзагов ҳам пеши ту шарм медорад! Ман намехоҳам дар паҳлуи ту хоб кунам, фаҳмидӣ?!

Ў аз телефонаш сурати духтараки нозукандомеро ба занаш нишон дода, гуфт:

- Гул тоҷик аст, тоҷики шаҳрӣ ва модел, кайҳост дар Маскав зиндагӣ мекунад, ман аз ту ҷудо шуда, бо Гул хонадор мешавам!

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД