arzon replenishment
ИШҚИ ПУЛИ ҲАРОМ МАМАРОЗАРО ШАРМАНДА КАРД
4909


Инсонро аз он хотир “тоҷи офариниш” меноманд, ки офаридгор рӯҳи поки худро бар одам дамида, бо нафаси ҷонбахшояш ин офаридаи худро ҷон ато намудааст. Шайх Саъдӣ маҳз ҳамин маъниро дар назар дошта мегӯяд:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Таярони мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват,
Бадар ой, то бубинӣ таярони одамият...

Худованд инсонро он қадар сахт дӯст медорад, ки рӯҳи поки худро бар ӯ дамидааст, то ҳамеша пок бошад, вале бадбахтона афроде ҳастанд, ки ба хотири ба даст овардани фоидаи ва пули муфт ба корҳои фаҳшу ҳаром даст зада, ҳам худ ва ҳам дигаронро дар гуноҳ ғарқ месозанд. Рафтори як зани беандешаи суғдӣ, ки манзили худро ба макони айшу ишрати як тоифа зинокорон табдил додааст, делели равшани ин гуфтаҳост.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 31-солаи сокини шаҳраки Накати ноҳияи Спитамени Вилояти Суғд хабар додааст. Ин зани тоҷик ба хотири ба даст овардани пули ҳаром манзили худро ба фоҳишахона табдил додааст. Даллаи суғдӣ санаи 11-январ барои айшу ишрат кардани як марди 27-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо як ҷавонзани 25-сола шароит фароҳам оварда, бар ивазаш аз ин ҷуфти зинокор 150 сомонӣ гирифтааст. Бо ҳамин роҳ рӯзи 12-январ ин зан барои алоқаи ҷинсӣ намудани як марди 45-сола бо як духтари ҷавон восита шуда, бар ивазаш 200 сомонӣ “мукофот” гирифтааст.
Ишқи пули бе дарми миён оқибат ҳаёти ин зани далларо сӯхта ба чанги мақомот афтид. Алайҳи ин зан парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазия идома дорад.

Даллаи суғдӣ дар ҳоле ба чанг афтид, ки чанд рӯз қабл парлумони кишвар масъалаи аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум намудани афроди бо даллагӣ машғулро ба миён гузошта, барои ташкил намудани фоҳишахона волидони беандеша метавонанд аз фарзандони худ маҳрум гарданд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД