Аз дӯстӣ то ишқ
Акнун ману Гулсон дӯстони ҷонӣ шуда мондем, тамоми меваву сабзавоташро таъмин мекардам. Ӯ хонаам ҳам мерафт, ду-се рӯз бо зану келинҳом мураббову шарбат мепухту сабзавотҳоро дар намак мехобонд. Бисёр зани қобил буд, ҳамсарам баъзан бо шухӣ мегуфт, ки Гулсонро зани дуввум гир, ҷангаш мекардам.
Дар ин миён Холбой дар дарё ғарқ шуду баъди додани чилу соли вай Гулсон хост ба Русия равад, вале ман намондамаш. Зеро ин нозанини содадили хубро зиёд дӯст медоштам. Бо ризоияти занам ӯро зани дуюм кардам. Писараш дар Русия буду зани рус гирифта парвои модараш надошт, духтараш бошад маро чашми дидан надошт.
Гулсон барои ӯ дар як гӯшаи ҳавлияш хона сохт, зеро Гулбоз аз шавҳараш бо як духтар ҷудо шуда буду ҳаёти бетартибе дошт. Ман як рӯз бо Гулсон будаму як рӯзи дигар дар хонаи худам бо ҳамсарам.
Гулсон зуд-зуд ба хонаи мо меомад бо ҳама дӯсташ медоштанд. Ман рӯзгори Гулсонро таъмин мекардам, аммо дар як ошхона ошпаз шуд. Ҳарчанд пофишорӣ кардам, ки кор накун, вале “ман ба гардани ту бор шуда шинам?” - гӯён кор мекард, акнун маоши хуб мегирифту ба худашу хонааш сарф мекард. Духтари бадгарду набераҳояшро, ки акнун се нафар шуда буданд дастгирӣ мекард, вале…
Мусибат
Вақтҳои охир Гулсон аз саломатияш шикоят мекард, вале ба духтур намерафт. Ман ӯро ба зур ба пойтахт овардаму ба духтурон нишон додам. Сирози ҷигар, чӣ ташхиси даҳшатноке…
Худамро ба зур аз гиря кардан медоштам, вале Гулсон бепарво буд, дар роҳи дароз аз пойтахт то ноҳия фақат зиндагияшро чун навори кино пеши назар оварда ба ман нақл мекард. Гумон мекардӣ, ки ҳама ғамҳояш дар гулӯяш санг бастаанд, ки овозаш гирифтаву хиррӣ мебаромад. Ба симои нозанину чашмони сабзи зебои маҳзунаш нигариста гуфтам:
- Гулҷон, зиқ нашав, даркор бошад хонаамро фурӯхта туро табобат мекунам.
Мо ду сол бо дарди қаттоли саратони ҷигар мубориза бурдем, вале Гулсони маро ин дард аз пой афтонд. Ман Гулсонро ба обу рӯ ба хок супоридам, на аз духтараш як сари мӯй чизе гирифтаму на аз писараш, ки ҳатто ба ҷанозаи модараш наомад.
Гулсонро ба хок супоридему ба хонааш баргаштам, хостам бо духтараш дар бораи маъракаҳояш суҳбат кунам, аммо ӯ либосҳои маро ҷамъ карда ба дастам доду бо як лаҳни тунд гуфт, ошиқатон мурд, акнун хонаро холӣ кунед! Байни мардум замин накафид, ки дароям ва оромона гуфтам:
- Ин ҷо хонаи ман нест, албатта ман меравам, вале модари ту на ошиқ балки зани ҳалоли ман буд. Мон оби сараш хушк шавад, меравам…
Духтари Гулсон ин даъфа гуфт:
- Агар оби сараш хушк шавад, баъд маро мегирӣ?! Ман ба ин кӯрнамак чизе нагуфтаму хонаеро, ки чандин солҳо бо Гулсони азизам мезистам тарк кардам. Ин хонаҳои кӯҳнаи аёми шуравиро ман таъмир карда ҷиҳози нав харида будам, аммо ҳаргиз даъвое надоштам. Танҳо мехостам, маъракаҳои ҳамсарамро диҳам то ақаллан дар гӯр осуда бошад.
Ҳама маъракаҳои Гулсонро дар хонаам гузаронидам, сари гӯраш санг гузоштам, аммо заҳри забони духтари бероҳаи модарозораш то ҳол хиҷилам медорад.
Бекмуҳаммад аз ноҳияи Ҷайҳун
Танифи Нисо ХОЛИД