35 years of independency
Ишқи парии чашмсабз (ҚИСМИ 1)
202

Аҷаб таззодҳое дорад зиндагӣ, вақте раҳматии ҳамсарам қиссаҳо мехонд, ман мегуфтам, ки онҳо ҳама дурӯғанд. Гулсон асабӣ мешуд, вале ором посухам медод, ки ҳама қисмати мардуманд. Оҳиста-оҳиста ман ҳам ба қиссахонӣ гузаштам, акнун бо ҳамсарам ин ё он маводи навиштаи қаламкашони ҳафтавори шуморо муҳокима мекардем. Ман мазаммат мекардам, онҳоеро, ки қиссаҳои зиндагии хешро расонаӣ месозанд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки замоне мерасаду ман ҳам аламҳои зиндагиямро рӯйи коғази сафед менависам

Мизоҷи соҳибҷамол

Ман деҳқонам, дар деҳае, ки ба воя расидаам хоҷагии деҳқонӣ дорам. Як қисми заминро боғ кардааму дар як қисми дигараш ғалаву сабзавот корида онро ба бозор бароварда аз ҳисоби ҳамин зиндагии оилавиямро обод нигоҳ медорам. Зану чор писарам ҳам ёригари ман буданд, баъд писаронамонро зан додему акнун келинҳо ҳам дар хоҷагии деҳқонии мо саҳмашонро мегузоштанд.

Писари хурдӣ бо ману ҳамсарам монду писарони дигарро хона сохта ҷудо кардем. Ман мошини боркаше доштам, ки маҳсулоти замину боғамонро ба он бор карда ба бозори ҳамсоя барои фурӯш мебурдам. Мизоҷони зиёде доштем. Як рӯз зани нозанине омада аз ман помидору бодиринги зиёде харидорӣ намуда рафт. Ростӣ ман ин гуна нозанинро миёни мизоҷонам вонахӯрда будам, қомати баланд, мӯйи зарди ҳалвоии то хами зону, чашмони сабз, пусти сафеди мармарии бону диламро бурд.

Чун одами намозхону худотарс будам, ҳушу ёдамро ҷамъ кардам, ба дил гуфтам, ки ба зани номаҳрам нигоҳ кардану дар бори ӯ фикр кардан кори номард аст.

Ду-се рӯз пас нозанин боз пайдо шуд, ӯ даъфа чанд намуд лубиёгӣ гирифт. Ман нав халтаҳои харидаашро ба дасташ додам, ки девонаи Холбой пайдо шуда ӯро зери ҳақорат гирифт. Ман аз мошин поён фаромада зери манаҳи Холбой як мушт зада будам, ки ӯ хомӯш шуд. Холбой-девонаро мешинохтам гоҳ-гоҳе барояш пулҳам медодам, ӯ баъди каме хомӯшӣ гуфт:

- Ака маро назанед айби худаш.

Холбой аз наздам дур шуду харидори дигар гуфт:

- Гулсон ҳамсари Холбой аст…

Аз шунидани ин сухан дилам дар сина дигар хел такон хӯрд.

Парии осмонӣ

Дигар ҳушу ёди ман буду парии чашмкабуд, ки акнун номашро медонистам - Гулсон. Аммо ӯ дигар барои харидани сабзавот наомад.

Чанд рӯз пас ба як деҳаи дурдаст пеши устои мошин рафтаму дар бозгашт дидам, ки Гулсон зери офтоби сӯзон мошин нигоҳ дорад. Мошинро доштаму ӯро ба нишастан даъват кардам, мо салому алек кардем. Гулсон бо ханда баман нигариста гуфт:

- Хайрият омадед, вагарна кабоб мешудам, - ва ҷавоби маро мунтазир нашуда илова кард, - як кампири амма дорам ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад, хабаргирияш омадам.

Дар охири ҳамин деҳае, ки мо аз он ба тарафи ноҳия сафар доштем як ҳавзи моҳигирӣ ва ошхонаи зебое буд, ки он ҷо моҳибирён мефурӯхтанд. Ман Гулсонро ба моҳибирёнхӯрӣ даъват кардаму ӯ розӣ шуд. Мо ду-се соат сӯҳбат кардем ва ман аз ӯ пурсидам, ки ба ҳамин зебоӣ чӣ гуна тавонист зани Холбой шавад. Ӯ бо хандаи ширин гуфт:

- Ману Холбой дар як кӯча зиндагӣ мекардем, ӯ девона набуд, варзишгар, зебо ва орзуи сад духтар буд. Ман ҳам дӯсташ медоштам, падару модарам намехостанд мо хонадор шавем. Вале ҳомиладории ман онҳоро ноилоҷ монду ман ҳамсари Холбой шудам. Ду духтар таваллуд кардам, боре чанд нафар Холбойро зери лату кӯб гирифтанд ва баъди ин ӯ оҳиста-оҳиста девона шуд, гоҳе ҳушаш ба сар ояд меҳрубон мешавад, гоҳи дигар корду табар мекашад, ки маро бикушад. Як писару як духтар дорам, духтарамро ба апаам гузошта ҳамроҳи писарам ба Руссия мардикорӣ рафтам. Пул равон мекардам, то хонаву дарамро таъмир бо ёрии писарони апаам таъмир кардам. Аз дори дунё як апа дорам, падарам модарамро партофту зани дигар гирифт. Модари ман қирғиз буд...

(Давом дорад)

Бекмуҳаммад аз ноҳияи Ҷайҳун

Танифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД