Хонандагони азизи сомонаи «Оила». Бовар кунед, қалам дар даст дасту пойҳоям меларзанд, чунки дарди ман бисёр ҷигархору синасӯз аст. Аз падару модар, бародару хоҳар ва хонаву дар бенасиб гаштам ва ин ҳама «самари» ишқи хонумонсӯзам ба ҳофизбачаест, ки бо таронаҳои ошиқонааш диламро тасхир намуд.
Суруди Мӯнисҷони Иброҳимро пайваста гӯш карда, ошиқ шудам, ошиқи ин ҳунарманди зебо! Бо хаёлҳои ширин сар ба болин ниҳода, худоро зорӣ мекардам, ки Мӯнисро боре ҳам бошад бо ман рӯ ба рӯ гардонад. Билохира дуоям мустаҷоб шуду дар тӯйи як дугонаам бо Мӯнис вохӯрдам.
Шоҳиди арӯс будаму то охири маҳфил аз Мӯнис чашм канда натавонистам. Мӯнис ҳам магар чизеро ҳис намуд, ки тез-тез сӯям нигоҳҳои ошиқона афканда чашмак мезад. Тӯй тамом шуду шитобон бо дугонаам хайрухуш намуда ба назди сарояндаи дӯстдоштаам омадам ва хоҳиш намудам, ки маро ба шаҳр барад. Мӯнис «марҳамат ба мошин шинед» гуфт. «Дӯстат медорам» гуфтан мехостам, вале тамоми роҳ чунин ҷуръат пайдо накардам. Ҳангоми аз мошинаш фаромадан тамоми қувватамро ҷамъ карда, «Мӯнис, маро бо як нигоҳ мекушиву боз зинда месозӣ» гуфтам, аммо… «Духтари хушрӯ! Ман дӯстдошта дорам, ба ғайр аз ӯ ишқи касеро қабул карда наметавонам»,- гуфтанашро шунида оби дидагонам ба рӯям шорид. Бо дили хиҷилу оҳи сӯзон аз мошинаш фаромадам.
Аллакай ҳаво торик шуда буд. Мани танҳоро шабона дар кӯча дида, мошинҳои зиёд дар наздам манъ мекарданду шояд фоҳиша пиндошта «Нархатро бигӯ» гӯён, ба ҷароҳати дилам намак мепошиданд. Ҳамон шаби тақдирсӯз чор ҷавони масту махмур ба нею нестонам нигоҳ накарда маро ба мошинашон шинонда бурданд. Хайрият, ки кормандони милиса дар роҳ мошинро боздошт карданду маро аз чанголи он ҷоҳилон озод намуданд. Шабро дар хонаи холаам саҳар карда субҳ ба хонаамон рафтам. Падарам табар дар даст пешвозам гирифта чунон лату кӯбам кард, ки аз ҳуш рафтам.
Ба ҳуш омада худро дар беморхонаю холаамро болои сарам дидам. «Нилуфар! Ба падарат «Духтарат шабро дар оғӯши ҳофизбача саҳар кард» гуфтаандодот туро оқ кард»,- бо чашмони ашкбор хабар дод холаам. Ҳамин тавр аз падару модару ёру бародар маҳрум гаштам. Имрӯз хизматгори дари холаам. Пушаймонам аз кори кардаам, вале тавре ки мегӯянд, мушти баъди ҷанг ба ёд омадаро бояд ба сари худ зад!
Нилуфари ёвонӣ