Arzon march 2024
Ишқи майзада Қисми 4
2043

 

Вай хуб медонист, ки мардум ба занҳои ҳунарманд чандон назари нек надоранд ва метарсид, ки “ин ҳофизаи машҳур ягон ошиқи ҷавон ёфта, шавҳари пирашро партофтагист“ нагӯянд ва духтаронаш дар байни мардум сархам нашаванд, аммо...

Пирию хартозӣ

Ҳамин тавр, аз байн 15 сол гузашт, аммо ақли шавҳараш ҳеҷ ба сараш назад, ки назад, баръакс рафтори Пайрав рӯз то рӯз бадтар шуда, тамоман “алкаш” шуда монда буд. Акнун вай бо айшу нӯш бо ёру ҷӯраҳояш қаноат накарда, тез-тез ба бар ва дигар ҷойҳои дилхушӣ рафта, бо майзадаҳои кӯчагӣ шаробу вино менӯшид ва дар кӯчаю пасткӯчаҳо афтида, мурдавор мехобид. Ҳар гоҳе, ки шиносу ношинос хабари дар кӯча ё даруни чӯйбор масти лояқил хоб будани шавҳарашро ба Лайло мерасонданд ё бо либосҳои пур аз обу лой ӯро кашолакунон ба хона меоварнад, аз шарм Лайло мехост, ки замин кафаду ба комаш фурӯ равад, то дигар рӯйи касеро набинад. Вай базӯр қаҳру ғазаби худро нигоҳ дошта, шавҳари масти лояқилашро ба ҳаммом медаровард ва мисли кӯдак оббозӣ медаровард. Лайло бо зорию тавалло борҳо ба шавҳараш мегуфт, ки синну солаш ба ҷое расидааст, бар зами ин, вай одами оддӣ не, ҳунарманд аст, мардум ӯро хуб мешиносанд. Маст шуда, ҳар рӯз дар кӯчаю пастчаҳо хобиданаш айб аст. Ақлашро кор фармуда, одати бадашро партояд. “Ин қадар нӯшидан хоҳед, дар хона нӯшед, ки мастию пастиатонро касе набинад” тавалло мекард вай, вале Пайрав” “ҳой занак, ту кори худатро кун” гӯён, даст меафшонду рӯзи дигар боз маст меомад.

Талоқ

Пайрави масту аластро аз кӯчаю пасткӯчаҳо аз даруни ҷӯйбору қади роҳ ҳар рӯз бо либсҳои пур аз хоку лой дигарон мисли мурда рӯйи даст бардошта, ба хонааш оранд ҳам, худро марди майдон мегирифт. Вай як одати бад дошт, ҳамин ки занаш ӯро оббозӣ доронд, камтар ҳушаш ба сараш зада, ба Лайло мечаспид. Дили Лайло аз ин мард кайҳо ях барин сард гашта буд, бар замми ин, бӯйи бади шароб ба димоғаш зада, дилаш беҳузур мешуд ва бо баҳонаи он, ки духтарҳояш калон шудаанду дида монанд, айб мешавад, шавҳарашро аз худ дур мекард. Сари ин масъала тез-тез байни ӯву шавҳараш ҷангу ҷанҷол мехест ва Пайрав мастомаст Лайлоро бо талоқ додан таҳдид менамуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “ҳавз ҳам пур шавад, мерезад” билохира сабри Лайло низ лабрез гашт ва рӯзе дар айни авҷи ҷангу ҷанолашон бо нафрат ба чашмони Пайрав, ки боз ӯро бо талоқ таҳдид менамуд, , нигоҳ карда гуфт:

-Ту чӣ ин қадар маро аз талоқ додан метарсонӣ?! Мард бошӣ, худи ҳозир ҷавобамро деҳ! Духтарҳоямро гирифта баромада меравам...

-Ҷавобатро додам,-бо ғазаб дод зад Пайрав, ки аз шидати мастӣ ба пояш рост намеистод.
-Ин хел намешавад! Се талоқат кардам гӯй,-паст наомад Лайло.
Пайрав мисли тӯтӣ думболи ӯ такрор кард:
-Се талоқат кардам!
Одатан ин калимаи тақдирсӯз занро бе корд мекушад ва занҳо бо шунидани номи талоқ рӯю мӯяшонро канда, зор-зор гиря мекунанд, вале вақте Пайрав “се талоқат кардам” гуфт, гӯё бори вазнине аз дӯши Лайло гӯё ба замин афтид. Вай нафаси сабук кашида, оромона ба хонаи дигар гузашт ва ба ҷамъ кардани либосҳои худ ва фарзандонаш сар кард.

Пушаймонии дермонда

Лайло бо як чолокии танҳо ба худаш хос дар байни чанд дақиқа тамоми чизу чораи худу фарзандонашро ҷамъ карда, ба сумкаҳо андохт ва ба духтаронаш занг зада гуфт, ки дар назди мактаб ӯро интизор шаванд, вай бо таксӣ омада онҳоро мегираду ба хонаи бобояш мераванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД