arzon replenishment
Ишқи марговар (ҚИСМИ 2)
07.06.2024
ОИЛА
1430

Меваи гуноҳ

Мусаллам дигар ба назди табибон намерафт. Интизорӣ мекашид, ки меҳрубониҳои чандлаҳзаинааш бо Аслиддин чӣ самар медода бошад. Интизориаш тӯл накашид. Мусаллам худро беҳолу бемадор ҳис мекард. Модари шавҳараш, ки зани рӯзгордида буд, пай бурд, ки Мусаллам ҳомиладор шудааст. Хурсандии аҳли оила ҳадду канор надошт…

Пас аз нуҳ моҳу нуҳ рӯз Мусаллам духтарча таваллуд кард. Кӯдак мисли як себи дукафон ба модараш монанд буд. Духтарчаро Шаҳло ном гузошта, Очилбой барои мардуми маҳалла ош карда дод.

Шаҳло рӯз то рӯз калонак мешуд. Ҳар гоҳ Шаҳлоро навозиш кунад, Мусаллам беихтиёр меҳрубониҳои Аслиддинро пеши назар меовард.

Бозии тақдир

Рӯзҳо турнасон гузаштанду Шаҳло духтари қадрас шуд ва мактаби миёнаро хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия супурд. Пас аз як соли таҳсил рӯзе тасодуфан дар роҳ бо писари Аслиддин Салмон вохӯрд. Шаҳло, ки мисли модараш ҳусни гулӯсӯзе дошт, дарҳол диққати ҷавонро ба худ кашид. Салмон мафтуни чашмони сиёҳу абрӯвони камоншакл ва рӯйи пахтасон сафеду миҷгонҳои баргаштаи ин паричеҳра гашта, ба ӯ гап партофт. Ин ҷавони рустамбозу ба Шаҳло писанд афтиду ном ва дар куҷо таҳсил карданашро гуфт. Ҳамин тавр, ду ҷавони гирифтори бозии тақдир бехабар аз он ки хоҳару бародари ҳамхунанд, бо ҳамдигар паймон бастанд.

Вохӯрию суҳбатҳои ду ҷавоне, ки аз асли худ, авлоди худ бехабар буданд, ба зудӣ ба ишқу ошиқӣ табдил ёфт. Салмон рӯзе Шаҳлоро набинад, чизеро гум кардагӣ барин беқарор мешуд. Онҳо ҷойҳои мувофиқеро интихоб намуда, соатҳо суҳбат мекарданд. Мусаллам аз меҳру муҳаббати духтараш Шаҳло бо Салмон хабардор шуда, ӯро насиҳат кард, ки ба ҷавонон бовар накунад, вай худаш ҷавони муносиберо ёфта, ӯро соҳиби бахту тахт хоҳад кард, вале ба гӯши духтараки дилбохта дигар панду андарзи модар намедаромад. Мусаллам ба таҳлука афтида, Аслиддинро ба вохӯрӣ даъват намуд ва ӯро аз ишқбозии писараш Салмон бо Шаҳло огоҳ карда гуфт:

- Онҳо бародару хоҳар буданашонро намедонанд, боз ягон номаъқулӣ накунанд, ки шарманда шавем…

- Мо ин сирри нангинро ба онҳо кушода наметавонем. Худо накарда, ин сир фош шавад, ҳам оилаи ту вайрон мешаваду ҳам аз ман. Магар ту, мехоҳӣ, ки дар дами пирӣ худамон худамонро шарманда кунем?!-Инро гуфта, Аслиддин ба мошини хориҷиаш нишаста рафту Мусаллам ҳайрону зор монд…

Зодрӯзи тақдирсӯз

- Шаҳло, имрӯз рӯзи таваллуди ман аст, биё ҳардуямон каме истироҳат мекунем,- бо лабханди зебо гуфт Салмон.

- Чаро пештар нагуфтӣ, агар медонистам, бароят ягон туҳфаи зебо меовардам,- Шаҳло сар ба китфи ошиқаш монд.

- Туҳфаи беҳтарин худи ту ҳастӣ, ҷонам!- Ҷавон инро гуфта, аз рухсори гулгуни духтар бӯсид.

Шаҳлою Салмон суҳбаткунон ба боғи «Дӯстӣ» рафта, каме сайругашт намуданд, баъд ба тарабхона рафтанд.

- Салмон хӯрокро-ку мехӯрем, нӯшокии спиртӣ барои чӣ лозим? норозигӣ намуд Шаҳло.

- Имрӯз ту бояд барои хурсандии ман бинӯшӣ,-инро гуфта, Салмон қадаҳро ба духтар дароз кард. Пас аз нӯшидани коняк сари Шаҳло ба гардиш даромад. Дар назараш мизу курсиҳо ва ҳатто дару девори тарабхона сарозер менамуд. Салмон аз китфаш гирифта, ӯро ба мошин шинонд ва ба хонаи холии яке аз дӯстонаш оварда, дар рӯйи кати зебои хоб хобонду либосҳояшро аз танаш кашид.

Бадани пахтасон сафеди духтарро дида, дили ҷавон дар қафаси синааш ба бозӣ даромад. «Ин кабки хиромонро раҳо набояд кард»-гуён, Салмон Шаҳлои масти аз худ бехабарро бӯсаборон намуд ва…

Шаҳло вақте ба худ омад, ки аллакай номусашро аз даст дода буд…

Асои Худо садо надорад…

Рӯзҳо мегузаштанду Шаҳло худро торафт бемадортар эҳсос мекард. Модараш ранги парида ва қай кардани ӯро дида, ба изтироб афтид. Дилаш дар таппиш буд, ки ин духтар ягон рӯз ӯро дар назди дӯсту душман шарманда накунад. Ҳолати Шаҳло торафт бадтар мешуд. Мусаллам тарсидаву ларзида духтарашро ба назди духтур барои ташхис бурд. Табибон ба Мусаллам фаҳмонданд, ки бемории Шаҳло аз ҳисоби ҳомиладориаш аст. Ин хабари шумро шунида хаёл кард, ки бинои беморхона ба сараш чаппа шуд. Пеши чашмонашро сиёҳӣ гирифта, дар ҷояш нишаста монд. Қудрате надошт, ки ҳарфе ба забон орад. Мусаллам Шаҳлоро насиҳат карда наметавонист, зеро худро гунаҳгор медонист. Шаб баъди хобидани шавҳараш вай аз куҷое бензин ёфта, худро оташ зад, то дигар рӯйи касеро набинад…

Хатои ҷавонию васвасаи шайтонӣ Мусалламро ба оташи сӯзоне фиканд, ки нусхае аз оташи ҷаҳаннам буд…

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД