ИДОМААШ...
Ҳавасҳои Зайнура
Зайнура ба келинашу қудоҳояш он қадар ҳавас дошт, ки ногуфтанӣ, ҳар бегоҳ, ин ҳақи духтарам гӯён, ба хонаамон хӯрок мефиристод, барои Пахта ҳасибу ҳар гуна хӯрокҳо.
Аҳли оилаамон аз амалҳои булаҷаби қудои навашон ҳам механдиданду ҳам меболиданд. Модарам Шоҳписандро таъкид мекард, ки “агар ту маро ҳурмат кунӣ, қадри ҳамин зани сӯхтадилро медонӣ”. Аз хостгорӣ то рӯзи тӯй ду моҳ тул кашид, дар ин ду моҳ Зайнура бо Шоҳписанд он қадар дӯст шуданд, ки мондан гиред. Шоҳписанд бо шавҳаршавандааш умуман вонамехӯрду бо Зайнура бошад, ҳама маслиҳатҳояшро мекард. Носир ба модараш мегуфтааст, ки “оча, гӯё ман не, ту зан мегирӣ, ин хелашро нав дидам”. Зайнура инро мегуфту механдид, мо ҳама хурсанд будем, ки ситорачаамон дар оилаи хуб афтидааст. Як рӯз Зайнура ба хона омадааст, ки модарам дар дегдон нон пӯхтанро ба Шоҳписанд меомӯхтааст, ӯ рафидаву остинчаро аз дасти келиншавандааш гирифта, дур партофта гуфтааст, ки “пушти хонаамон нонвойхона аст, чаро келини ман бояд нон пазад?”
Аммо модарам ба ин ҳама нигоҳ накарда, ин ҳунарро низ ба духтараш омӯхт, ман низ нони харида мехӯрам, вале дар дегдон нон пӯхта метавонам. Зайнура он қадар ҷиҳози зебое овард, ки даҳани кас меканд, ҳама хешу табор бо дидани ин ҳашамату шукӯҳ ба қавле дасташон дар сарашон монд. Падару модарам норозигӣ карданд, ки сарфи зиёд кардӣ, аммо Зайнураи пурҳавас “охир, ман дигар кӣ дорам, ҳама чизҳои овардаамро фардо ба хонаи худам мебарад” гӯён оби чашмашро аз ҳама пинҳон тоза мекард. Кисмати талх дошта бошад ҳам, зани шӯху ширингапе буд Зайнура, ӯ бо ҳавас мегуфт, ки аз дӯст доштани Шоҳписанд ҳатто Пахтаашро низ дӯст медорам. Барои Пахта хонаи калони зебое сохтем, модарам бо завқ механдиду мегуфт, ки ҳама ранҷанд майливу Пахта наранҷад. Хулоса, аҷаб аёми ҳуҷаставу зебое доштем.
Марги Пахта дар рӯзи тӯй
Рӯзи тӯйро муайян карданд, як ҳафта пеш ҳама сару либоси арӯсро Шоҳписанд бо хушдоманшавандааш рафта гирифта оварданд. Зайнура бо ҳавас либосҳоро ҷудо кардаву кадомеро кай пӯшиданашро мегуфт. Ман ҳам ҳар рӯз дар хонаи модарам будаму ба тӯй тайёрӣ медидем, бояд рӯзи дигар арӯсро гусел мекардем, ки Пахта касал шуд, вай аз хоначааш намебаромаду аз даҳонаш кафкоба мерехт. Ҳама банди ташвишҳо, касе парвои сагро надошт, фақат Шоҳписанд мерафт сӯйи хоначаи сагу меомад. Ба вай дору медоду хӯрок мебурду…
Рӯзи тӯй вақте Шоҳписанд куртаи арӯсияшро мепӯшид, ман дар дасташ захми харошидагӣ дидам, ки хунаш карахш баста буд. Чун аз вай пурсидам, гуфт, ки “Пахтаро маҷбур дору додам, газид маро, он қадар сахт не, фақат харошид”. Боз аз ман илтимос кард, ки аз ҳоли сагаш хабар гирам. Арӯсро бурданд, Зайнура дар тарабхона тӯйи бошукӯҳе барпо кард. Домоду арӯс он қадар зебо буданд, ки аз тамошояшон сер намешудӣ. Рӯзи дигар дар забони хурду калон сифати зебогии шаҳу арӯс буд. Он вақтҳо телефонҳои мобилӣ нав баромада буданд. Шоҳписанд ба телефони модарам занг зада, аз авҳоли Пахта пурсиду мо гуфтем хуб аст. Ва давида рафтам сӯйи хоначаи Пахта, саг кайҳо мурда буд, падарам мурдаи сагро ба халтаи полиэтиление андохта, бурда куҷое гӯр кард. Мо ҳама зиқ шудем ва қарор додем, ки дар ин бора ба Шоҳписанд намегӯем. Рӯзи дигар ҳамроҳи модарам ба хабаргирии Шоҳписанд рафтему ба вай дурӯѓ гуфтем, ки Пахта сип-сиҳат гаштаст. Шоҳписанд чизе гуфтанӣ буд, ки модарам гуфт:
-Айб аст духтарам, акнун сагбозиятро мону аз пайи зиндагият шав. Агар он қадар зарур бошад, ҳафтат, ки бурданд, ҳамун Пахтаи сабилатро меорӣ, Шоҳписанд маҳзун хандиду чизе нагуфт…
Тармарг
Модарам гуфт, ки зуд-зуд рафта, ташвиш додани қудои нав хуб несту ба хабаргирии Шоҳписанд нарафтем, даҳ дувоздаҳ рӯз пас аз тӯяш яку якбора аҳволи хоҳарам бад шуд. ӯ аз рӯшноиву об метарсид, аз хона берун намебаромад, ҳарораташ баланд буд. Зайнура аввал гумон кардааст, ки ба келинаш чашм расидаасту мулло оварда, ӯро хонондаву тӯмору таштоб гирифтааст. Чун падару модарам хабар ёфтанду Шоҳписандро ба духтур бурданд, аз ташхисҳо маълум шуд, ки ӯ ба бемории ҳорӣ гирифтор гаштааст. Ин беморӣ аз газидани ҳайвони ба ин беморӣ гирифтор, ба қавли маъмул девона ба амал меояд. Мо ҳама духтур будему инро хуб мефаҳмидем, яъне, Пахта ба ҳамин беморӣ гирифтор будааст.
Падарам аз шифоёбии Шоҳписанд умедашро канда, такрор ба такрор мегуфт, ки охир Пахта ӯро нагазида буд ку… Чун ман дар бораи хароши дар дасти хоҳарам дида ба вай гуфтам, худашро дошта натавониста, зор-зор гирист. Талоши духтурон барои аз марг наҷот додани хоҳари моҳсимоям бенатиҷа анҷом ёфт. Мо бо дили пурхун арӯсаки бистрӯзаро ба зери хоки сард гузоштем. Ман хоҳарамро аз даст дода бошам ҳам, дилам ба ҳоли хушдомани баргаштабахташ мисли пилтаи чароѓ месӯхт. ӯ гоҳ ман, гоҳ модарамро ба оѓӯш кашида менолиду мегуфт:
-Чаро шумо ба гапи ман гӯш кардед, чаро Шоҳписандро ба писари ман додед, касофати ман зад ба духтараме, Худо ҷони мани сияҳбахтро гираде…
Ин зане, ки як умр чун мард бори зиндагӣ мекашид, аз марги келинаки ѓурамаргаш қариб ба девонагӣ расида буду худаш ва танҳо худашро гунаҳгор меҳисобид. Ману волидонам ѓами худро як сӯ гузошта, ӯро ором мекардем, ҳоли Носир аз модараш бадтар буд. ӯро бародарам шабҳо рафта, аз сари қабри Шоҳписанд меовард, ин мусибати хунин моро ба ҳам сахт қарин кард. Носиру модараш қариб ду моҳ дар хонаи мо зиндагӣ карданд, баъд ба хонаашон баргашта, тамоми ҷиҳози Шоҳписандро бароварда, ба духтаракони ҷавони бебизоат хайр карданду хонаву дарашонро фурӯхта, дар канори дигари шаҳр хона хариданд. Акнун ин ду нафар увзи хонадони мо гашта буданд, меомаданду мерафтанд.
Носир танҳо баъди панҷ соли марги Шоҳписанд бо зориҳои ману модарам зан гирифт. Занаш духтараки зебочеҳра духтур буд, мо ӯро мисли хоҳарамон қабул кардем. Инак, аз ин воқеаи фоҷиавӣ бист сол сипарӣ мешавад. Падару модарам аз олам гузаштанд, ману Зайнура хушдомани хоҳари сиёҳпичаам мисли хоҳарони хунӣ ба ҳам дӯстем. Носиру занаш ҳам холаҷон гуфта, ҷойи нишастамро намеёбанд, ѓами Шоҳписанд ба як захме мубаддал гаштаву дар як гӯшаи дилам боқист. Ҳар гоҳе духтаракеро бинам, ки бо саге бо шавқ бозӣ дорад, ин захм харошидаву хуншор мешавад.
Албатта ба ҳайвоне меҳр доштан хуб аст, аммо худро эҳтиёт кунед…
Саодат
АНҶОМАШ...