ИДОМААШ...
Пахта
Модарам ба сагча нигариста гуфтанд:
-И пахта барин сап-сафед,- ва номи сагча ҳам гузошта шуд, Пахта. Шоҳписандро ҳеҷ гоҳ ин қадар хурсанд надида будам, акнун ӯ аз Пахтааш лаҳзае ҷудоӣ надошт.
Дафъаи дигари омаданам алаккай дар як гӯшаи ҳавлӣ барои Пахта хонаи чӯбини зебое сохта буданд, дохилаш гилемчаю косаю ба қавли модарам асбобу ускунаи Пахтабой…
Чуноне дар боло гуфтам, модарам бисёр зани тозарӯзгор буданду ба мо духтарон ҳам ҳаминро доим таъкид мекарданд. Шоҳписанд аз модарам зиёдтар тозарӯзгор буд. Падарам бо шӯхӣ баъзан ӯро «Озодаҷиннӣ» меномид. Падарам аз кор омада, туфлияшонро мебароварданд, ки Шоҳписанд даррав ҷӯробашонро аз пояшон кашида мешӯстанду туфлиҳояшонро аз чангу хок тоза карда, гӯшае мегузоштанд. Ҳамаи ин тозагиҳояшро бо Пахта ҳам мекард, саг ҳам ба тозагиҳои соҳибаш он қадар одат карда буд, ки агар косаашро нашӯста, ба болояш хӯрок резанд, қаҳр карда намехӯрд. Модарам баъзан ин рафтори сагро дида, ӯро дуои бад ҳам мекард, ки мур ту олуфтаи он дунёӣ…
Шоҳписанд Пахтаро он қадар дӯст медошт, ки ҳар ду-се моҳ сагашро албатта назди духтури ҳайвонот мебурд. Оббозӣ медоронд, хоначаашро тамиз мекард, ҳамин тавр Шоҳписанд донишҷӯ шуду Пахта як саги балобарзангӣ. Баъзан шомгоҳон мо ба сайр мебаромадем, ҷавонони кӯча Шоҳписанд ва сагашро Шоҳдухтар ва саги сафеди ӯ меномиданд. Аз тарси Пахтаи балобарзангӣ ягон ҷавон ёрои ба мо наздик шудану ба Шоҳписанд гап партофтан намекард. Баъзан ба Шоҳписанд шӯхиомез мегуфтам, ки шавҳар кунӣ ,Пахтаро мебарӣ, ӯ ҷиддӣ мегуфт:-Албатта!
Арӯси серхаридор
Шоҳписанд касби дигарро пеша кард, ӯ донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм намуд, аммо кор надаромада, волидонам ӯро ба шавҳар доданд. Домод Носир ном дошту як кӯча аз мо болотар зиндагӣ мекард, ӯ яккаписар буду модараш танҳо калонаш карда буд. Модари Носир- Зайнура тоҷир буду ҳар гоҳе маро медид, дастонамро дошта, пичиррос мезад:
-Саодатҷон, ман ошиқи Шоҳписанд ҳастам. Ман як зани танҳо, ѓайри ҳамин писарам дар бисотам касе надорам, писарам якта бошад ҳам, ниҳоят меҳнатию баномус аст, тиҷорати мошин мекунаду зиндагии шоҳона дорем. Падару модаратро ризо кун, то Шоҳписандро ба Носири ман диҳанд, ба Худо пушаймон намешавед. Шоҳписанд хостгорони зиёде дошт, чун ба падарам хоҳиши Зайнураро расонидам, ӯ андешаманд гуфт:
-Бечора Зайнура, модараш баъди марги шавҳараш танҳо вайро ба воя расонид, як хеши дурашро хонадомод кард, ки баракат бинад, аммо домодаш ѓарқ шуд. Кампирро ѓами бебахтии духтараш ба домани хок бурд, Зайнура низ ҳамин қадар сол танҳо зиндагӣ карда, бори қисмати номардро мардона мекашад, номаш бад нашуд, писараш ҳам ҷавонмади хуб аст. Боз қисмат…
Чун аломати ризояти падарамро ба Зайнура гуфтам, ӯ ангуштарии тиллояшро аз дасташ кашида, ба ангуштам андохту зор-зор гирист. Ҳамин қадар нею нестон кардаму ҳоло маълум нест гуфтам, ки беҳуда, ӯ аллакай Шоҳписандро келинаш меҳисобид. Ростӣ, дилам ба ҳоли Зайнура сӯхт, бечора занак аз сад мард дида пулдортар буду ҳавлию дараш низ дар шукӯҳу шаҳомат дар кӯча ҳамто надошт. Писараш ҷавони чанд кас медидагӣ, вале хок дар сари танҳоӣ.
Шӯхиҳои қисмат
Як ҳафта пас аз ҷониби Зайнура мардони баобрӯйи маҳалла хостгорӣ омаданд, падару модарам розӣ шуданд. Шоҳписанду Носирро фотеҳа карданду сафедӣ даронданд. Аз Шоҳписанд касе напурсид, ки розӣ аст ё не, зеро дар оилаи мо риштаи тақдири фарзандон дардасти волидон аст. Чун ман дар танҳоӣ аз Шоҳписанд пурсидам, ки ба ин издивоҷ розиӣ, вай хандид. Ман ӯро ба ҷону ҳолаш намонда, сабаби хандаашро пурсидам, хоҳаракам шармида- шармида гуфт, ки “Як рӯз ҳамроҳи Пахтаву писари акаам дар хиёбони наздикии ҳавлӣ сайр мекардем. Носир омада, салом дод, Пахта чуноне, ки ба дигарон мекунад, ба сари вай аккос зада наѓурид, баръакс дасташро дароз карда, бо ӯ салом кард. Носир бо шухӣ гуфт, ки Шоҳписанд дидӣ, сагат маро маъқул кард, соҳиби навашро шинохт. Аммо ман ҷавоб надодаму тез тез қадам зада, ба ҳавлӣ наздик шудам, Пахта бошад бо ӯ монд. Баъд аз чанде дидем, ки Пахта омад, дар гарданаш як халта пури ширинӣ овезон буд”.
Ман бо ханда гуфтам, ки “эҳа, ин домоди хушкардаи Пахтабой будаасту мо бехабар”, Шоҳписанд ширин-ширин механдиду чизе намегуфт.
ДАВОМ ДОРАД...