Arzon march 2024
Ишқи марди зандор апаамро девона кард
29.05.2022
ОИЛА
2364


Аслан сиру асрори хонаи худро дар назди касе гуфтан аз рӯи одоб нест, вале мусибате, ки имрӯз ба сари хонаводаи мо омадааст, аллакай дар байни хешу ақрабо ва ҳамсояву дӯсту душман овоза шудаву моро гапшунаву шармсор кардааст.

Гап сари он аст, ки апаи шавҳардору соҳиби ду фарзандам, ки шавҳараш чандин сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ба марде ошиқ шудааст. Вақте наздикони шавҳараш тавассути телефон гап задани ӯро бо марди бегона меқапанд, ӯро аз хонаашон ронданд.Рӯзе ки апаам ба хонаи мо баргашт, бародаронам дар сари қаҳр чунон лату кӯбаш намуданд, ки чанд рӯз аз ҷой хеста натавонист. Дигар дар дасташ телефон нест, аз хона намебарояд, вале боз чашми моро хато карда, аз телефони духтари ҳамсоя ба ошиқаш занг мезанад.

Ҳарчанд волидонам ӯро насиҳат карда, аз роҳаш гардониданӣ мешаванд, вале апаам бо ашки шашқатор мегӯяд, ки он марди зандорро дӯст медораду дигар ӯро аз роҳаш гардонидан номумкин аст.

Аз рӯи рафтори беақлонаи апаам дар назди дӯсту душман сар бардошта наметавонем, келинҳоямон дар ҳар сари қадам таъна мекунанду апаи дуюмамро хушдоманаш гуфтааст, ки “мабодо ту ҳам апаат барин набошӣ?” Акаҳои бечораам маъракагурезу сархам шудаанд, ҳама аҳли оила чӣ кор карданамонро намедонем.

Тавассути ҳафтаномаи “Оила” ба апаам гуфтан мехоҳам, ки “Апаҷон, ҳаёти худатро сӯзониданат кам набуд, ки боз зиндагии моро ба дӯзах мубаддал гардондӣ?”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД