Arzon march 2024
Ишқи мамнуъ (ҚИСМИ 2)
19.01.2025
ДИЛОШӮБ
1760

Ишқ ё девонагӣ

Шумо ҳақ доред, хонандагони азиз, маро девона пиндоред, вале ман ана ҳамин рафиқи падарамро, ки аз ман 30 сол калон аст, девонавор дўст медорам. Аз рўзе, ки худро шинохтам, ўро ҳамчун мард дўст медораму он ҷавонони ошиқеро, ки изҳори ишқ мекунанд, бо ў муқоиса мекунам. Ман дарди ишқ мекашам, шабҳо бо алам мегирям, вале намедонам дардамро чӣ гуна ба ў баён созам. Медонед, ин чӣ гуна сахт аст?! Марде, ки ман ўро маънии зиндагиям медонам, ҳамроҳи ҳамсараш ба хонаи мо омада, маро кўдак медонад. Онҳо чор писар доранду занаш гоҳ-гоҳе шӯхӣ карда, маро келин мегўяд. Ин зан намедонад, ки ман ўро аз бало бештар бад мебинам, гоҳ-гоҳе бо модарам рози дил мекунад, ки «додаратон мисли аком (падари маро дар назар дорад) меҳрубон нестанду аксарияти шабҳо ба хона дер омада, аз ман ҷудо мехобанд».

Боре ба модарам гуфтам, ки “амаки Шоҳин аҷаб мекунанд, ки ба занашон меҳрубон нестанд, охир ин бадафт ҳеҷ ба он кас зебанда нестанд”. Модарам аввал ба ҳайрат омаданду баъд ҷангам карданд, ки ту кўдаки дурўзаро кӣ ба гапҳои занона мондааст...

Чашмони ман…

Ду ҳафта пеш зодрўз доштам, модарам дастархон оростанд, сари дастархони идона ману дугонаам Нисо, модараму падарам ва амаки Шоҳину занаш будем. Падару модарам бароям ноутбук, амаки Шоҳину занаш бошад, гарданбанди гаронарзише ҳадя намуданд. Амаки Шоҳин чун ҳарвақта ба ман шеъре барои таҳлил доданд, ман то метавонистам таҳлил кардам ва шеъри пешакӣ тайёр кардаамро ба вай хондам:

Чашмони ман ба роҳат дар ошиқӣ чунонанд,

К-аз рашк якдигарро дидан наметавонанд...

Амаки Шоҳин бо ҳамон лабханди зебо ба падарам нигариста, гуфт:

- Фазлиевич, ҳушёр бош, соҳибҷамоли мо ошиқ шудааст!

Падарам бо завқ хандиду модарам норозиёна ба ман нигариста, пичиррос зад:

- Беҳаё!

Падарам чун ҳарвақта тарафи маро гирифта, шӯхӣ кард:

- Э занак, ба “принсеса”-и ман корат набошад!

Он шаб хеле гуворо гузашт, ману амаки Шоҳин рақс кардем, занаш чун ҳарвақта бо модарам дар гўшае паст-паст рози дил мекард. Ў маро кўдак медонисту ҳатто дар гўшаи хотираш ҳам намеомад, ки ҳамин духтараки ҳамсоли фарзандонаш ба шавҳари ў ошиқ аст. Мусиқии ороме садо доду падарам модарамро ба валс даъват кард, амаки Шоҳин занашро. Ҷони ман баромада бошад ҳам, Хайрӣ бо завқ чаппак зада механдид. Пас аз чанд лаҳза ҳамсари амаки Шоҳин дасти маро ба дасти ў дода, гуфт:

- Духтарҷон, бо амакат рақс кун, ман наметавонам.

Оҳ, ин чӣ хушбахтие буд, ки «рақибам» ба ман бахшид, ин беҳтарин туҳфа дар зодрўзам буд…

Дар оғўши ту мемирам...

Ман маътали ҳамин ишора будаму дарҳол ба оғўши амаки Шоҳин даромадам. Касе ба мо аҳамият намедод, падарам бо завқ чизеро нақл мекарду Хайрию модарам ва зани амаки Шоҳин механдиданду механдиданд... Танҳо ҳамин лаҳзаҳо ба дарди дили шоире, ки “дар оғўши ту мемирам” гуфтааст, расидам, вале…

Шояд ў чизеро пай бурд, ки бо шӯхӣ гуфт:

- Шоҳдухтар, ту мани мўйсафедро куштанӣ ҳастӣ, “валс” бас!

Ман бо дили кашол оғўши гарму бароҳати ўро тарк кардам. Он шаб то дер нишастем, акнун он бўйи ошно маро нимаҳои шаб аз хоб бедор мекунад. Рафиқи падарам, ки шояд маро мисли духтараш медонад, дар хобҳои ошиқии ман меҳмон аст. Ман медонам, ки ин нанг асту айб ва амаки Шоҳин ҳеҷ гоҳ ишқи маро қабул намекунад, вале бо дили ошиқам коре карда наметавонам.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, эй мардум?!

Хонандаи доимии шумо

Таснифи ДИЛОШӮБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД