Ман шеър, яъне каломи мавзунро зиёд дўст медорам. Шояд ҳамин шеърхонию шеърдониям ба қавле маро як духтари «романтик» кардаанду имрўз дар оташи ишқ месўзам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки маро фаҳмед, пеш аз он ки ба сарам санги маломат мезанед, як бор фикр кунед, ки худи шумо ошиқ шудаед? Ишқ чист? Баъд ба мани дар доми бало монда маслиҳат диҳед, зеро ман сиррамро ба касе гуфта наметавонам…
Диле пур аз орзу
Падари ман тоҷир асту мо зиндагии шоистае дорем. Дар оила мо ду нафар ҳастем, ман ва бародарам, ки дар Лондон таҳсили илм мекунад. Ман дар синфи ёздаҳи яке аз мактабҳои бонуфузи пойтахт мехонам ва насиб бошад, ба яке аз донишгоҳҳои тиббии маъруфи хориҷи кишвар дохил хоҳам шуд. Шумо гумон накунед, ки ман аз рўи пулҳои падарам мефахрам, не ман саводи хуб дорам. Ҳарчанд падарам маро зиёд эрка мекунаду алакай соҳиби хонаи шахсӣ, бўстонсаро ва мошин ҳастам, вале модарам хеле сахтгир ҳастанд. Он кас мегўянд, ки “сарвати падарат имрўз ҳаст, пагоҳ не, ту бояд ҳунар омўзӣ ва бо меҳнати худат соҳиби ҳама чиз шавӣ”.
Хулоса, ману бародарам бойбачаҳои эрка нестем. Духтари зебоям, қоматам баланду мавзун, чашму абрӯвонам сип-сиёҳ ва пӯстам нафису сап-сафед аст. Ошиқони зиёде дорам, ки тайёранд барои ман аз осмон ситора биёранд. Аммо ман ишқи касеро қабул надорам, зеро…
Бачаи деҳотӣ
Падари ман аз деҳаи дурдасти кўҳистон асту писари ягонаю талбидаи волидонаш будааст. Ҳангоми донишҷў будани падарам бибию бобоям, ки ҷавон будаанд, зерои тарма монда, ҳалок мешаванд. Онҳо орзую ҳаваси писари ягонаашонро надида, ба зери хоки хунук мераванд. Падарамро амакаш дар қатори фарзандонаш ба воя расонида, маълумоти олӣ медиҳанд. Пас аз хатми мактаби олӣ он кас дар шаҳр мемонанду хонаву дар ва боғу роғашонро ба амакашон бахшида, худашон сокини шаҳр мегарданд. Бо мурури солҳо ў пеш рафта, ба тоҷири бақуввате мубаддал мегардад. Модарам ҳамдеҳаи падарам ҳастанду он касро амакашон барои ҷиянашон хостгорӣ кардаанд, то риштаи хешутаборияшон канда нашавад. Хешу табори падарам ҳамагӣ одамони бою бадавлат ва сарватманданд, аммо дар музофот зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд дар пойтахт хонаҳои шахсӣ ҳам дошта бошанд, гоҳ-гоҳе меоянду халос. Падарам писари амак ва чор духтарашро хеле ҳурмату эҳтиром мекунанд, дар маъракаҳои якдигар иштирок менамоянд. Тағою холаҳоям низ бо мо рафтуомад доранд, вале роҳи дур роҳи дур асту…
Бародархонд
Шояд, падарам эҳсоси танҳоӣ мекарданд, ки бо як ҳамсабақашон аҳди бародарӣ бастаанду бо он кас хеле меҳрубонанд. Мо дўсти падарамонро дар наздашон амакҷон ва дар ғайбашон амаки Шоҳин (номи рамзӣ) мегўем. Амаки Шоҳин марди ниҳоят зебост, қомати баланду чашмони кабуди обӣ, абрӯвони сип-сиёҳ ва лабу даҳони зебояшон диққати одамро зуд ҷалб мекунад. Ў дар баробари марди мансабдору сарватманд буданаш, боз он қадар сухангӯву шеърдон аст, ки ногуфтанӣ... Ҳар гоҳи ба хона омаданашон маро ба оғӯш гирифта, аз пешониям мебўсанду пораи шеъриеро хонда, бо хандаи зебо мегўянд:
- Канӣ нозанини ман, маънии ҳамин шеърро баён намо!
Ростӣ, ба хотири амаки Шоҳин ман низ шеърдону шеърхон шудам. Ман байтҳои хондаи ўро таҳлил мекунаму ў маро таҳсин мегўяд, танҳо ба хотири ҳамин таҳсину офарин ман ошиқи шеър шудам.
(Давом дорад)
Хонандаи доимии шумо
Таснифи ДИЛОШӮБ